“Гуфтанд, ки субҳ борон меборад, аммо офтоб баромад”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо наздик шудани фасли сармо таваҷҷӯҳи сокинон ба пешгӯии обу ҳаво ҳарчӣ бештар шудааст. Сокинон мегӯянд, махсусан дар ин шабу рӯз барояшон донистани онки борон меборад ё барф хеле муҳим аст, чун мувофиқ ба он либос бипӯшанд. Аммо бархе аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки баъзан баръакси пешгӯии обуҳаворо мебинанд.