"Тазоҳурот мекунем". Таҳдиди муҳоҷирон ба ширкати сохтмонӣ (ВИДЕО)

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, натавонистаанд, ки аз як ширкати сохтмонӣ дар Екатеринбург пули корашонро гиранд. Муҳоҷирон ба ин ширкат як ҳафта мӯҳлат додаанд, то мушкили онҳоро мусбат ҳал кунад, вагарна даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.

Ман қарздор шудаам. Бояд қарзи гирифтаамро баргардонам. Ҳар рӯз ба ман таҳдид мекунанд. Фоизҳо ҳам зиёд шудааст.
Мирсодиқ Мамадов

Ширкати сохтмонии «Екатеринбургская градостроительная компания» моҳи дувум аст, ки ба муҳоҷирон маош намедиҳад. Баъд аз таҳдиди муҳоҷирон дар мавриди эътироз, мақомот ба таҳқиқи ин қазия пардохтаанд.

Хадиҷа, ҳамсари яке аз муҳоҷирон, гуфт, оилаашон шомили шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдак аст ва онҳо ду моҳ боз бо нону тухм зиндагӣ доранд. Вай афзуд, “мардони хонавода дар сохтмон кор мекунанд. Онҳо моҳи июни имсол кор пайдо карда, барои як муддат пешпардохт гирифтанд. Интизор доштем, ки дар моҳи август, баъди ба истифода додани бино музди худро пурра мегиранд. Вале то ҳанӯз мунтазиранд.»

Мирсодиқ Мамадов, ҳамсари Хадиҷа, мегӯяд, аз бекорӣ қарздор шудааст ва ҳар рӯз соҳибони пул маблағи додаашонро бо фоиз ё баҳрааш мепурсанд. «Ман қарздор шудаам. Бояд қарзи гирифтаамро баргардонам. Ба ман таҳдид мекунанд. Фоизҳо зиёд шудааст», - мегӯяд ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Екатеринбурги Русия муҳоҷирони корӣ мехоҳанд коршиканӣ кунанд

Ин хонавода мегӯяд, нафари масъуле, ки онҳоро барои кор дар ширкати сохтмонии «Екатеринбургская градостроительная компания» бурда буд, барояшон як сарпаноҳ додааст. Баъди напардохтани пули иҷора соҳиби манзили пешинаашон онҳоро берун карда буд.

Хуршед Ғафуров, нафари масъуле, ки гурӯҳи муҳоҷиронро барои кор дар ширкати сохтмонии «Екатеринбургская градостроительная компания» бурдааст, гуфт, аз рӯи ҳисоби онҳо ширкат 7 миллион рубл қарздор аст. Ӯ мегӯяд, «Екатеринбургская градостроительная компания» ширкати ӯро, ки аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Шӯравии собиқ ташкил шудааст, барои анҷоми корҳои пардозгарӣ дар бинои навбунёд ҷалб карда буд. «Ҳамаи муҳоҷирони мо фаъолияти қонунӣ доранд ва ширкат бо ҳукумати Екатеринбург низ ҳамкорӣ мекунад», - гуфт ӯ.

Ғафуров афзуд, вай ҳеҷ интизор надошт, ки дар охири кор сохтмончиёни ӯро барои ворид шудан ба иншоот иҷозат намедиҳанд ва бо таърихи як рӯзи қабл санадеро дар бораи сифати кори қабулшуда пешниҳод мекунанд ва аз пардохти маблағ сарпечӣ менамоянд. Вай гуфт, «ширкате, ки ин санадро таҳия кардааст, зиёни ошкоршударо гӯё севуним миллион рубл ҳисоб кардааст. Чӣ гуна як ширкати дигар метавонад, дар бораи корҳои анҷомдодаи мо санад тартиб диҳад? Дар ҳоле ки қаблан кори мо хуб қабул шуда буд. Ин ба он маъност, ки агар ба додгоҳ муроҷиат кунем ҳам, натиҷа намедиҳад, зеро онҳо пушту паноҳи қавӣ доранд.»

Раҳбари кулли «Екатеринбургская градостроительная компания» нахост, бо рӯзноманигорон вохӯрад. Гузашта аз ин, ӯ мегӯяд, худи муҳоҷирон бояд барои бо нуқс анҷом додани корашон пул пардохт кунанд.Александр Широченко, мудири ширкати «Екатеринбургская градостроительная компания», гуфт, «мо ба ӯ пешниҳод кардем, ки баҳс бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шавад. Аммо вай розӣ нашуд. Мо ба додгоҳ нисбат ба ӯ барои сари вақт ва бо сифат анҷом надодани кор шикоят намудем.»

Фаъолони Урал муҳоҷиронро барои баргузор накардани тазоҳурот розӣ намуданд. Ба ҷойи ин, онҳо бо баргузории нишасти хабарӣ ба додситонӣ муроҷиат карданд. Фаррух Мирзоев, раҳбари Анҷумани миллӣ ва фарҳангии вилояти Свердлов гуфт, «ниҳодҳое ҳастанд, ки бо мақомот шариканд. Дар навбати худ ширкатҳои сохтмонӣ вуҷуд доранд, ки худро дар зери қаноти мақомот ҷой дода ва бо ин корашон муҳоҷиронро зери зарба мегузоранд.»

Додситонӣ баъд аз чунин ранг гирифтани кор ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст. Додситонӣ мегӯяд, ки фаъолияти ширкати фармоишгари «Екатеринбургская градостроительная компания» хоҳад санҷид. Барои анҷоми таҳқиқот ҳафтаҳои зиёд лозим мешавад, вале сохтмониён мегӯянд, наметавонанд зиёд мунтазир бимонанд.