Шаҳбоз Шариф, раиси ҳукумати вилояти Панҷоб баъд аз сабукдӯш кардани раиси идораи кашфи вилоят ва се афсари аршади полис гуфт, ки ин афроди масъул худро аз мубориза бо як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ канор гирифта буданд. Нахуствазири Панҷоб, ки зимнан, бародари сарвазири Покистон Навоз Шариф аст, дар бораи сабукдӯш кардани масъулин шоми 11 август баъд аз эътирозҳои мардуми рустои Ҳусейн Кханвала алайҳи хушунати ҷинсӣ нисбати кӯдакон тасмим гирифт.
Моҷарои хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон дар Покистон рӯзҳои ахир дар сархати расонаҳои ҷавон қарор гирифт. Гуфта мешавад, ки беш аз 270 кӯдак аз рустои Ҳусейн Кханвала мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Гурӯҳи ҷиноӣ кӯдаконро барои алоқаи ҷинсӣ бо ҳам маҷбур мекард,онро ба навор мегирифт ва бо ин навор ба волидайн таҳдид мекар, ки дар сурати напардохтани маблағи муайян онро дар интернет ё дар бозори маҳаллӣ паҳн мекунад. Тайи чанд сол гурӯҳи ҷиноӣ дар маҷмӯъ 400 навор сабт кард.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, эътирозҳо баъд аз он шурӯъ шуданд, ки мақомоти интизомии вилоят аризаи сокинони маҳаллӣ барои тафтиши ҳодисаро қабул накарданд. Ҳарчанд баъзе хабаргузориҳо суол мегузоранд, ки чаро сокинони маҳаллӣ баъд аз чандин соли хомушӣ маҳз имрӯз таваҷҷуҳро ба ин мушкил ҷалб карданд?
Башир Аҳмад Гуаш, хабарнигори покистонӣ, мегӯяд, ки мақомоти полис бори аввал аз ин ҳодиса аз расонаҳо огаҳ шуда буданд. Аммо баъзе шоҳидоне, ки аз ин русто дидан кардаанд, мегӯянд, вазъ дар худи русто ғайримуқаррарӣ ба чашм мерасид, зеро "қурбониён"-и хушунати ҷинсӣ наворҳои алоқаи ҷинсиро дар телефонҳои мобилашон сабт кардаанд ва онҳоро ройгон ва ҳатто бо ҳисси ифтихор ба меҳмонон нишон медиҳанд.
Башир Аҳмад Гуаш ҳадс мезанад, ки шояд зери коса нимкосае бошад, зеро гумонбарони боздоштшуда волидайни кудакони таҷовузшударо дар дасиса ба хотири гирифтани қитъаи заминашон айбдор мекунанд. Вакилони дифои гумонбарон дар ин ҷиноят пойфишорӣ дорад, ки гап сари замин аст, ин одамон мехоҳанд, ки гумонбаронро бадном ва зиндонӣ кунанду заминҳои онҳоро соҳиб шаванд, мегӯяд ӯ.
Аз ин пеш раиси полиси вилояти Панҷоб Шаҳзод Султон ҳам гуфта буд, "одамоне, ки худро қурбонӣ нишон медиҳанд, мехоҳанд ба ин васила баҳси замин бо гумонбаронро ба фойидаи худ ҳал кунанд".
Дар Покистон муттаҳамон дар таҷовуз ба номус ба эъдом маҳкум мешаванд. Муҷозот барои ҳамҷинсгароӣ ҳабси абад муқаррар шудааст. Аммо таҷовузгарон хело кам ба дасти полис меуфтанд, зеро, таври маъмул, иттилоъ дар бораи ҷиноёти ҷинсӣ аз марзҳои русто берун намеравад. Бо вуҷуди қонунҳои шадид, танфурӯшӣ, "бачабозӣ" ва ҳамҷинсгароӣ на фақат дар манотиқи фақири Покистон, балки дар шаҳрҳое чун Қарочӣ ва Лоҳур ҳам дар авҷ аст.