Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия рӯзи 21 май хабар дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ баъди даргириҳои шадид мавқеъҳои худро дар атрофи Палмира, аз ҷумла, постгоҳи нерӯҳои кашф, пойгоҳи ҳавопаймоҳои низомӣ ва як маҳбасро тарк намуданд. Дар задухӯрдҳо, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, дасти кам сад нафар аз мусаллаҳони нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд.
Харобаҳои Палмира ба қарнҳои як ва ду, ба замони қудрати императории Рум рост меоянд. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, мақомоти Сурия бархе аз ёдгориҳои нодири Палмираро ба ҷойҳои амн интиқол доданд, аммо Димишқ аз он нигаронанд, ки ситезаҷӯён ёдгориҳои таърихии боқимондаро хароб мекунанд. Аз ин пеш гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳрҳои қадимаи Нимрӯд ва Ҳатра бедодгариҳо карда буд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ситезаҷӯён то харобаҳои машҳури Палмира расидаанд ё на ва ин ёдгории нодири таърихиро чӣ сарнавиште интизор хоҳад буд. Ирина Бокова, раҳбари ЮНЕСКО - Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, рӯзи 21 май изҳор намуд, ки нобудсозии Палмира, истгоҳи бостонии корвонҳо дар Роҳи бузурги абрешим, “талафоти бузурге барои башарият хоҳад шуд".
Қабл аз ҷанг ҳазорон сайёҳон барои дидани ин шаҳри бостонӣ меомаданд, ки барои ёдгориҳои таърихияш «Нигини Шарқ» унвон шудааст.
Ҳасан Ҳошимиён, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Дар Палмира ё Талмор ёдгориҳои замони Бобил, замони Ошур, замони томасеҳӣ низ фаровон мавҷуданд. Албатта, давлати Сурия бархе аз ин ёдгориҳоро ба Ҳумс ва дигар ҷойҳои амн интиқол дод, аммо яқин аст, ки биноҳову қасрҳои пешин ва муҷассамаҳои хело зиёдро наметавонанд ба дигар ҷо баранд... аз ин рӯ эҳтимоли тахриб хело зиёд аст, ба вижа, вақте гап сари таърихи то масеҳият ва тоисломӣ меравад ва ситезаҷӯёни “Давдати исломӣ” ба ин ёдгориҳо хасмона нигаҳ мекунанд”.
Ҳасан Ҳошимиён меафзояд, ки ҳукумати Сурия аз суқути Палмира на фақат ба хотири ёдгориҳои таърихияш нигарон аст – тасарруфи шаҳр роҳи «Давлати исломӣ» ба дигар манотиқи кишвар, аз ҷумла, пойтахт ва соҳилҳои ҷанубии Сурияро боз мекунад. Дар наздикиҳои Палмира ҳамчунин конҳои муҳими газу нафт ҷойгиранд, ки онҳо низ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба дасти ситезаҷӯён уфтодаанд. Айни ҳол, ба гуфтаи ӯ, тақрибан 40 дар сади қаламрави Сурия ва ҳама чоҳҳои нафт, ба ҷуз ду чоҳи бузурги нафт дар Ҳумс ва вилояти Курдистон, зери назорати гурӯҳи "Давлати исломи"-янд.
Аз ин пеш «Давлати исломӣ» шаҳри Рамодӣ, маркази вилояти Анбори Ироқро, ҳам комилан ишғол кард. Ин гурӯҳ чанд моҳ боз талоши таҳти назорат гирифтани ин вилояти аз ҷиҳати стратегӣ муҳимро дорад.
Ризо Тақизода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вилояти Анбор ва маркази он шаҳри Рамодӣ манотиқи стратегиянд ва тасарруфи ин минтақа дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро барои ишғоли дигар мавзеъҳои Ироқ боз хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, "тасарруфи ин бузургтарин вилояти Ироқ аз сӯи ДИИШ метавонад хатари амниятии ҷиддӣ алайҳи Ироқ эҷод кунад. Вокуниши тунди ҳукумати Бағдод ба таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки дар робита ба авзоъ дар Рамодӣ мақомот вориди нигарониҳои нав шудаанд, ва, зимнан, набояд ин нигарониҳоро танҳо маҳдуд ба вилояти Анбор бидонем - агар "Давлати исломӣ" дар маркази Анбор мустақар шавад, метавонад таҳдидҳои ҷиддӣ дар дохили Сурияро ҳам ба думбол дошта бошад".
Аз нигоҳи таҳлилгар, суқути эҳтимолии Анбор шояд имкони ДИИШ-ро дар манотиқи ҷанубӣ ва шимолии Ироқ бештар кунад ва "шаҳри Мовсилро ба навъе ба манотиқи марбут ба марзҳои муштарак бо Сурия боз бигзорад".
Ба навиштаи хабаргузориҳо, ахиран гурӯҳи "Давлати исломӣ" масҷиди таърихии "Марям хотун" воқеъ дар ғарби Мвсилро тахриб кард. Ин масҷид соли 1821, замони Хилофати Усмонӣ, бунёд шуда буд. Қаблан ситезаҷӯён масҷиди "Султон Вайс"-ро ҳам, ки соли 1838 дар маркази Мовсил сохта шуда буд, аз байн бурданд. Ба думболи ин онҳо масҷиди таърихии қарни 19 - "Ал-Ҳадра" дар ҷануби шаҳр ва масҷиди қадимаеро, ки бино ба маъхазҳои таърихӣ, замони халифа Умар бунёд шуда буданд, таркониданд.