"Саховат"-и нобаробари Маскав ба Душанбе ва Бишкек

Ҳукумати Русия барои модернсозии Артиши Тоҷикистон 200 миллион доллар ихтисос додааст.
Расонаҳои расмии Русия рӯзи 6-уми ноябр бо пахши ин хабар навиштаанд, ки Маскав барои ислоҳоти ҷидии нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар маҷмӯъ 1.5 миллиард доллар сарф хоҳад кард.

Аммо рӯзномаи «Комерсант» аз қавли сарчашмаҳои худ навишт, ки аз ин маблағ 1 миллиарду 100 миллион доллараш насиби Қирғизистон шуда, танҳо 200 миллионаш ба Тоҷикистон хоҳад расид. Гуфта мешавад, бар илова, Маскав ният дорад боҷи гумрукии маҳсулоти нафтиро барои Тоҷикистон лағв кунад, ки ҳаҷми ин боҷ солона низ то 200 миллион доллар баровард мешавад.

Рустам Ҳайдаров, коршиноси мустақил мегӯяд, ки хуруҷи нерӯҳои ISAF аз Афғонистон дар соли 2014, Русияро водор сохт то дар зудтарин фурсат нерӯҳои ҳарбии ду кишвари нисбатан осебпазири Осиёи Миёнаро тақвият бахшад. Чунки пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, хатари бозгашти Толибон ва муташанниҷ шудани авзоъ дар минтақаи Осиёи Миёна вуҷуд дорад. Амнияти кишварҳои Осиёи Миёна ба суботи худи Русия махсусан минтақаи Қафҳоз бастагӣ дорад: «Бо ин Русия натанҳо ба кишварҳои шарикаш дар Осиёи Миёна кӯмак мекунад, балки аз манфиатҳои миллии худ низ дифоъ мекунад».

Аммо чаро бахши аъзами ин кӯмаки Русия ба Бишкек меравад, Рустам Ҳайдаров мегӯяд, таҳдидҳои амниятӣ дар дохили Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон хеле бештар буда, фаъолияти гуруҳҳои тундрав ва таниши кланҳо дар ин кишвар бештар авҷ мегирад ва нерӯҳои низомии он дар қиболи ин таҳдидҳо бояд пурқувват карда шаванд: «Ҳамчунин рақобати абарқудратҳои ҷаҳон ба сари нигоҳ доштани нуфуз дар Қирғизистон нисбати Тоҷикистон ба маротиб шадидтар аст. Бинобар ин, Русия низ барои нигоҳ доштани мавқеъ ва нуфузи хеш дар ин кишвар маблағҳои бештареро масраф мекунад».

Аммо Алексей Малашенко, таҳлилгари маркази Корнегӣ дар Маскав мегӯяд, ки Русия бо ин «саховатмандӣ»-и худ муносибати бе ин ҳам пуртаниши Тоҷикистону Қирғизистон бо Узбакистонро мушкилтар хоҳад кард: «Ин кӯмаки Русия як навъ сармоягузорӣ ба устувории режимҳои дар сари ҳокимиятбудаи ду кишвари Осиёи Миёна аст. Тавре медонем, чанде қабл дар Қирғизистон вазъ ноором шуда буд, дар Тоҷикистон низ интихоботи президентӣ наздик мешавад. Ҳамчунин омили рақобати сегонаи абарқудратҳо - Пекин, Вашингтон ва Маскавро набояд фаромӯш кард. Маскав ба ҳар қимат мекӯшад ҳузури низомии хешро дар Осиёи Миёна таъмин кунад ва барои абарқудратҳои дигар ин қадами Маскав чандон ғайринтизор ҳам нест».

Таҳлилгарони ин иқдоми Русияро «ҳассостарин қадам» дар қиболи чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Миёна ношӣ аз Афғонистон арзёбӣ мекунанд. Аммо дар Душанбе мегӯянд, ки ваъдаи кӯмакҳои низомӣ на кадом намоишкории Маскав, балки аз тааҳҳудоте бармеояд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин як моҳ пеш дар ивази «Созишномаи шароит ва ҳузури пойгоҳи низомии Маскав дар Тоҷикистон» ваъда дода буд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!