Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шувалов қартаҳои Душанбеву Маскавро боз накард


Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе. 21-уми сентябри соли 2012
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе. 21-уми сентябри соли 2012

Нозирон мегӯяд, ин ки Шувалов гуфт, «дар ҳама мавзӯҳо ба созиши барои ҳарду ҷониб муфид расидем» чизе бештар аз таоруфи дипломатӣ набуд.

Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия шоми ҷумъа пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон эълом кард, ки «ҳайати Русия ва Тоҷикистон ба сурати умум дар мавзӯҳои мавриди баҳс ба созиш расиданд".

Вай гуфт, ки дар музокирот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон маҷмӯъи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, дар заминаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, энержӣ, дифоӣ ва низомӣ -фаннӣ, ба хусус интиқоли маводи сӯхтӣ аз Русия, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, фаъолияти пойгоҳи 201-и низомии Русия ва кӯмак ба Артиши Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Игор Шувалов гуфт, ки қарор шудааст, ки коршиносони ҳар ду кишвар ҳафтаҳои наздик ин пешниҳодтро пурра мекунанд ва барои тасмимгирии ниҳоӣ, ба раҳбарони кишварҳо месупоранд.

Пас аз рафтани Шувалов, акнун навбати омадани Путин аст.
Пас аз рафтани Шувалов, акнун навбати омадани Путин аст.
Ин аст, ки вай гуфт, «метавонам бигӯям, ки аксари масоили мушкилсоз ё ҳалли худро пайдо карданд ё дар марҳалаи ҳалшавӣ ҳастанд. Дар ин самт коршиносони мо фаъолият мебаранд ва ба раиси ҷумҳур гузориш медиҳанд ва тасмими ниҳоиро низ президентон хоҳанд гирифт».

Муовини нахуствазири Русия фаъолияти кории ҳайатҳои ҳар ду кишварро хеле муассир арзёбӣ кард ва гуфт, ин иқдомот барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ба ҳадафи беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардумони ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Аммо Игор Шувалов аз изҳори назар дар бораи таърихи сафари қарибулвуқӯъи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон худдорӣ кард ва гуфт, «ин мавзӯъ дар ҷараёни сафари ман матраҳ ва баррасӣ нашуд. Чаро, ки барномаи сафари президент Путин дар салоҳияти ман набуд, балки ин ба салоҳияти вазорати хориҷа марбут аст».

Аз сӯи дигар вай дар робита ба мӯҳлати тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон танҳо инро афзуд, ки «ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад». Ин ҳам дар ҳоле, ки хабарнигорон мехостанд бидонанд, ки ин мӯҳлат барои 29 ва ё 49 сол тамдид хоҳад шуд.

Аммо вай дар посух ба суоли хабарнигорон мабни бар ҳаҷми воридоти маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон гуфт, «дар ин робита тасмим шуд, ки вазорати энергетикаи Тоҷикистон талаботи дохилиро омӯхта ва иттилоти лозима пешниҳод хоҳад кард, то маълум гардад, ки Тоҷикистон ба чӣ ҳаҷм маводи сӯхти Русия ниёз дорад ва Русия омадаи кӯмак ба Тоҷикистон дар ин росто аст."
XS
SM
MD
LG