Футболбозони тоҷик дастаи Қатарро шикаст доданд

Акс аз бойгонӣ

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар як қуваозмоии дӯстона мунтахаби Қатарро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод.
Бозӣ рӯзи панҷшанбе, 6-уми сентябр, дар варзишгоҳи шаҳри Мюнхени Олмон доир шуд, ки дар он Қатар ба ҳайси мизбон ва Тоҷикистон ба ҳайси меҳмон ҳунарнамоӣ карданд.

Тӯби аввали дастаи Тоҷикистонро Даврон Эргашев дар дақиқаи 65-ум ва тӯби дувуми дастаро Дилшод Восиев дар дақиқаи 74-ум вориди дарвозаи мизбонҳо карданд.

Ин бозии дӯстонаи миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қатар бар асоси тавофуқ бо Созмони футболи Қатар ба нақша гирифта шуда буд. Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин бозии байналмилалии дӯстона мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе, омода кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил буданд: Аз ҳама бештар аз тими "Истиқлол"-и Душанбе - 11 нафар, аз дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода 5 нафар, аз дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб, "Энергетик"-и Душанбе ва "Вахш"-и Қӯрғонтеппа.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Қатар рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ дар Душанбе шурӯъ карда буд.