Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзӣ бар Қатар, вале маҳрумият аз идомаи сабқат


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё (U-22) бар тими Қатар бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.

Ин бозии даври охирини гурӯҳи «С» 3-юми июл дар шаҳри Малакаи Малайзия баргузор шуд. Нахуст Ҷасир Яҳиа, бозигари тими Қатар, дар дақиқаи 41-ум ҳисобро боз намуд. Баъди 16 дақиқа футболбози тоҷик Азимҷони Юнусзода ҳисобро баробар кард.

Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 70-ум, Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метра голи дувумро ба ҳадаф расонд. Вале баъди ду дақиқа Абдулло Афифа, бозигари қатариҳо, ҳисобро баробар намуд. Азимҷони Юнусзода ва Шодибек Ғаффоров дар дақиқаҳои 85-ум ва 90-уми дидор боз ду гол зада, бозиро бо ҳисоби 4:2 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом доданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Саидҷон Саидраҳмонов, Аҳтам Назаров, Фурӯғ Қодиров, Алишер Шарифов, Сиёвуш Асроров, Расул Файзов, Умедҷон Шарифов, Шамсиддин Қосимов, Қурбоналӣ Собиров (Азимҷони Юнусзода, 46), Нуриддин Давронов (Абдурасул Раҳмонов, 75), Фирдавсӣ Қурбонов (Шодибек Ғаффоров, 46).

Дар бозии дигари даври панҷуми мусобиқа дар гурӯҳи «С» Кувайт бар Молдив бо ҳисоби бузурги 8:0 ғолиб омад. Бозии охирини ин гурӯҳ миёни тимҳои Баҳрайн ва Эрон бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дастаи мунтахаби Эрон бо 13 имтиёз ғолиби гурӯҳ шуд. Кувайт бо 12 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Ҳарду даста ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дастаи Баҳрайн бо 7 имтиёз дар ҷойи севум, Тоҷикистон ва Қатар бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои чаҳорум ва панҷум, мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд. Ин чаҳор даста аз идомаи мубориза барои унвони қаҳрамони Осиё дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб мусобиқа дар шаш гурӯҳ ба анҷом расид. Дувоздаҳ дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якуму дувумро соҳиб шуданд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола роҳхат гирифтанд: Ироқ ва Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “А”), Арабистони Саудӣ ва Сурия (гурӯҳи “В”), Эрон ва Кувайт (гурӯҳи “С”), Урдун ва Узбакистон (гурӯҳи “D”), Кореяи Шимолӣ ва Чин (гурӯҳи “F”), Кореяи Ҷанубӣ ва Мянмар (гурӯҳи “G”).

Мусобиқа дар гурӯҳи “Е” бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур Макао ва Тимори Шарқӣ аз 5-ум то 15-уми июл баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG