Барак Обама аз вазорати дифои ИМА хост, ҳама талошҳояшро барои тафтиши қазияи куштори 16 сокини осоиштаи афғон ба харҷ диҳад.
Рӯзи сешанбе дар як суханронӣ дар Кохи Сафед, Обама ин ҳодисаро “дилхарош” номид ва гуфт, ки он мухолифи арзишҳои амрикоист ва онро наметавон намунаи муносибати артиши Амрико ба мардуми афғон хонд. Раисиҷумҳури ИМА ваъда дод, ки қотил ва дигар афроде, ки дар ин фоҷиа гунаҳкоранд, бар пояи қонун шадидан муҷозот хоҳад шуд.
Бомдоди якшанбе як сарбози амрикоӣ дар ду рустои Қандаҳор 16 нафар, аз ҷумла, 9 кӯдакро ҳадафи тир қарор дод. Ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ аст.
Изҳороти Обама дар ҳоле пахш гардид, ки бархе расонаҳо дар мавриди имкони хурӯҷи қабл аз вақти нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон матлаб нашр мекунанд. Дирӯз намояндаи Кохи Сафед хабари нашрияи "New York Times" дар бораи соли оянда ба таври иловагӣ аз Афғонистон берун кардани 20 ҳазор афсару сарбозро рад кард.
Барак Обама низ бори дигар таъкид намуд, ки хуруҷи нерӯҳои кишвар аз Афғонистон бар пояи ҷадвали қаблан эълоншуда, яъне то поёни соли 2014 сурат мегирад. Тағйири ин стратегия, ба гуфтаи Обама, иштибоҳ мебуд. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои амрикоӣ таъмини амнияти минтақаҳои мухталифро марҳала ба марҳала дар ихтиёри нерӯҳои афғон мегузоранд ва фақат баъд аз хатми ин раванд ба хона бармегарданд.
Аз ин пештар Обама гуфта буд, ки "дар он ҷо садҳо мушовирони мулкии мо кор мекунанд, миқдори бузурги таҷҳизот он ҷост, ки бояд оварда шавад. Мо бояд мутмаин шавем, ки Афғонистон метавонад мустақилона марзҳои худро дифоъ кунад ва ба бозгашти “Ал-Қоида” имкон намедиҳад."
Ахиран Леон Панетта, вазири дифои ИМА, низ гуфт, ки барои тағйири стратегия ва хуруҷи нерӯҳо ангезае мавҷуд нест.
Дирӯз хабар расид, ки толибон як сарбози афғонро дар маҳалли фоҷиаи Қандаҳор ҳадафи тир қарор доданд. Яке аз масъулини идораи полиси Қандаҳор генерал Абдул Раззоқ гуфт, ки ҷангҷӯён зимни сафари ҳайати ҳукуматӣ ба рустоҳои мотамдор сӯи ин ҳайат тир андохтанд. Дар ин ҳодиса ду нафари дигар - як сарбоз ва додситони афғон захмӣ шудаанд.
Куштори сокинони осоишта дар Қандаҳор боиси эътирозҳо шуд ва аммо намоишҳое чун эътирозҳо алайҳи сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръони маҷид дар пойгоҳи ҳавоии Багром ба вуқӯъ напайвастанд. Дирӯз садҳо донишҷӯй дар шаҳри Ҷалолобод дар як намоиши зиддиамрикоӣ гирдиҳам омаданд. Онҳо “Марг ба Амрико!” ва “Марг ба сарбозе, ки афроди осоиштаро куштааст!” шиор медоданд.
Сухангӯи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дар як изҳорот гуфтааст, ки сарбози амрикоӣ бояд ба ҳайси ҷинояткори ҷангӣ муҳокима ва аз сӯи хешовандони қурбониён эъдом шавад.