Поёни маъмурияти низомии НАТО дар Либия

Шӯрои Амнияти СММ бо судури як қатънома, ба поёни маъмурияти нерӯҳои НАТО дар Либия раъй дод.
То ҳол НАТО барои ҳимояи аҳолии Либия аз ҳамлаҳои режими Муаммар Қаззофӣ маъракаеро пеш мебурд. Тибқи ин санад, аз 31 октябр баъзе минтақаҳои Либия дигар минтақаи мамнӯъи парвоз нахоҳанд буд ва парвоз дар саросари ин кишвар иҷоза дода мешавад.

Шӯрои Амнияти СММ

Шӯрои Амнияти СММ моҳи марти соли ҷорӣ тасмим гирифт, ки НАТО барои ҳимояти аҳолӣ аз ҳамлаҳои режими Қаззофӣ мудохилаи низомӣ кунад. Моҳи март фурӯши аслиҳа низ ба Либия мамнуъ эълон шуда буд. Ҳоло ин моддаи қатънома ба эътибори худ боқӣ мемонад, зеро нигарониҳо аз ҳамла ба ҷоҳҳои нафт вуҷуд дорад. Истифода аз ҳисобҳои бонкӣ, ки маблағи он аз нафт ба даст омадааст, ҳамчунон мамнуъ хоҳад буд.

Ин иқдоми СММ дар ҳоле иттихоз шуд, ки 23 октябр Шӯрои Миллии Гузор баъд аз чанд рӯзи қатли Қаззофӣ Либияро кишвари озод эълон кард.
Баъд аз тасвиби санади ахир Марк Лайол Грант-намояндаи доимии Британия дар СММ гуфт, акнун ин кишвари Африқои Шимолӣ вориди марҳилаи нав шудааст: “Ин нишонаи воқеан муҳими тағйирот дар Либия аст ва он баъд аз эъломияи Шӯрои Миллии Гузор дар бораи озодии Либия аст. Он оғози гузор аз марҳалаи низомӣ ба ташкили ҳукуматест барои мардуми Либия, то онҳо сарнавишти ояндаашонро худашон интихоб кунанд.”

Грант ҳамчунин таъкид кард, ки ин қатънома водор месозад, ки дар Либия қонунҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ авлавият дошта бошанд ва мақомоти Либия бояд барои пешгирӣ аз ҳар гуна қасосҷӯӣ, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва кушторҳои худсарона тадобири зарурӣ андешанд. Тибқи ин санад акнун мақомоти нави Либия масъулияти ҳимоят аз аҳолии икшварашонро бар дӯш доранд.

Шӯрои Миллии Гузори Либия мавриди интиқод қарор гирифт, ки барои аъмоли қасоҷӯёна, нақзи ҳуқуқ ва кушторҳои дастаҷамъонаи ҷонибдорони Қаззофӣ чора наандешидааст.

Зери фишори маҳофили байналмиллалӣ, Шӯрои Миллии Гузори Либия эълон кардааст, ки ба шароити куштори Муаммар Қаззофӣ расидагии ҳамаҷониба анҷом медиҳад. 20 октябр Қаззофӣ боздошт ва кушта шуд. Дар наворҳои видеоӣ вай ҳангоми боздошт зинда буд, вале баъдтар ба таври мармуз ба қатл расид.

Саҳнае аз даргириҳо дар Либия

Тибқи санади ахири ба тасвибрасида, қатъи амалиёти низомии НАТО ё қатъи мудохилаи низомии Ғарб бад-он маъно нахоҳад буд, ки кӯмакҳои кишварҳои ғарбӣ хотима хоҳад ёфт. Ин кишварҳо барои бозсозии Либия, ки аз даргириҳо осеб дидааст, кӯмак хоҳанд кард. Ҷерард Арод-намояндаи доимии Фаронса дар СММ гуфт, Шӯрои Миллии Гузори Либия метавонад ба кӯмакҳои байналмиллалӣ умед бандад: “Мо омодаем ҳар қадр, ки Шӯрои Миллии Гузор дархост кунад, кӯмак расонем, албатта барои он, ки ниҳодҳои идорӣ ташкил шаванд, Қонуни асосӣ таҳия шавад ва мисли он.”

Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли Паймони НАТО зимни суханони худ дар Олмон гуфт, қатъномаи ША СММ нишон медиҳад, ки мо вазифаи худро барои ҳимояти мардуми Либия комилан иҷро кардаем.