Давлати Ҷопон дигарбора талаби Чин ҷиҳати узрхоҳӣ барои боздошти капитани як киштии моҳигирии ин кишварро рад кард. Киштии мазкурро марзбонони ҷопонӣ бо 14 маллоҳи дигараш дар наздики ҷазираҳое боздошт карданд, ки Ҷопону Чину Тайван он ҷазираҳоро қаламрави худ медонанд.
Рӯзе пештар ҳам Чин аз Ҷопон хост, то барои чунин рафтор бо капитани киштии он кишвар маъзарат бихоҳад ва ҷавобаш ҳам он дафъа рад буд.
Чин аз Ҷопон дархости маъзаратхоҳӣ намуд
Наото Кан, нахуствазири Ҷопон гуфт, кишвараш “ҳеҷ қасди” маъзаратхоҳӣ барои боздошти капитани киштии Чинро надорад ва ин моҷаро муносиботи байни ду кишварро сардтар кард.
Баёнияи Наото Кан, баъди он садо дод, ки Чин баъди талаби рӯзи шанбе 25 сентябр, рӯзи якшанбе дигарбора аз Ҷопон хост, ки аз ин кишвар узр бихоҳад. Баёнияи Ҷианг Ю, сухангӯи вазорати умури хориҷаи давлати Чинро, ки аз тариқи телевизиони кишвар қироат карданд, чунин буд:
«Бо изҳороти вазорати умури хориҷа, Чин мавқеъи расмии худро комилан рӯшан кард. Ман мехоҳам, таъкид кунам, ки ҷазираҳои Диаоу ва ҷазираҳои пайваста ба он аз қадимулаём қаламрави ҷудоинопазири Чин буданд. Ҷопон бо чунин иқдом тамомияти арзии Чин ва ҳуқуқи шаҳрвандони Чинро ҷиддан нақз кардааст. Аз ин рӯ албатта давлати Чин ҳақ дорад, аз Ҷопон талаб кунад, ки узр бихоҳад ва ҷуброн бипардозад. Мо умедворем, ки Ҷопон бо андешидани тадобири мушаххас, муносиботи стротегӣ ва барои ҳарду тараф муфидро эҳё мекунад.»
Жан Киксионг, капитани киштии моҳигирии Чинро аввали ҳамин моҳ баъди он дастгир карданд, ки киштии онҳо дар наздикии ҷазираҳое, ки Чин Диаоу ва дар Ҷопон Сенкаку меноманд, ба як қаиқи нерӯҳои марзбонии Ҷопон бархӯрд. Баъди ин ҷопониҳо ба ғайр аз нохудо ва ё капитан, киштиро бо 14 маллоҳаш раҳо карданд.
Жан Киксионг рӯзи шанбе ба Пекин баргашт ва ӯро дар он ҷо мисли қаҳрамон истиқбол гирифтанд. Ӯ ба телевизиони давлатии Чин гуфт, моил аст, барои моҳидории бештар ба назди ҷазираҳои баҳсбарангез баргардад.
Чин баъди ин моҷаро, тамосҳои дуҷониба дар сатҳи вазоратҳо бо Ҷопонро муттавақиф кард ва музокирот доир ба майдонҳои зериобии баҳсбарангези газ бо Ҷопонро ба таъхир андохт.
Таниш байни ду ҳамсоякишвар побарҷост
Вале раҳоии капитани киштии Чин, танишҳо миёни ду кишварро коҳиш надод ва Чин аз Ҷопон билофосила хост, то узр бихоҳад ва ҷуброн бипардозад.
Вазорати умури хориҷаи Ҷопон ин талабро “беасос” хонд. Катсуа Окада, дабири кулли ҳизби ҳокими демократии Ҷопон, гуфт, ҷазираҳо қаламрави Ҷопон аст ва боздошти капитани киштии Чин ҳам кори нодуруст набуд.
Ӯ зимни суханронии телевизионӣ гуфт, “Чин ба ҷаҳон нишон дод, ки чӣ гуна кишвар аст.”
Моҷарои ахир, дигарбора танишҳои тӯлонии миёни ин ду кишвари қавии Осиёро ба таври барҷаста нишон дод, ки баҳсҳо бар сари қаламравҳои обӣ дар Баҳри Чини шарқӣ ва ҳам хашми Чин аз таҷовузаш дар замони ҷанг аз тарафи Ҷопон муносиботи онҳоро тира кардааст.
Моҷаро дар замоне сар задааст, ки пештар Чин чаҳор шаҳрванди Ҷопонро бо иттиҳоми вуруд ба як маҳалли мамнӯъи низомиаш боздошт кард. Мақомоти Ҷопон мегӯянд, боздошти нохудои киштиии чинӣ ба он ҳодиса ҳеҷ иртибот надорад.