Раъйпурсии саросарӣ дар Молдова

Интихобкунандагони Молдова рӯзи якшанбе дар як раъйпурсии саросарӣ ба як маҷмӯъаи тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар райъ медиҳанд, ки нуқтаи меҳвариаш пешниҳоди интихоботи мустақими раёсати ин ҷумҳурӣ мебошад.
Райъпурсии 5 сентябр дар Молдова дар ҳоле барпо мешавад, ки парлумони ин кишвар тайи як сол натавонист ба интихоби раиси ҷумҳури ҷадид даст биёбад ва аз ин рӯ, раҳоӣ аз ин бунбасти сиёсии бепрезидентӣ муҳимтарин вазифаи истода дар назди ин раъйпурсист.

Бунбасти сиёсӣ дар Молдова

Кафили раёсати ҷумҳурии Молдова Миҳай Ғимпу рӯзи якшанбе баъд аз раъйдиҳиаш дар яке аз ҳавзаҳои пойтахт, шаҳри Кишинёв гуфт, умедвор аст, ки натоиҷи ин маърака, кишварро аз ин бунбаст берун хоҳад кашид:

“Ман барои суботи сиёсӣ раъй додам. Ман бовар дорам, ки шаҳрвандони мо мушкилоти эътилоф дар пайи қасби қудрат дар 29 июли соли гузаштаро дарк мекунанд. Ва онҳо имрӯз бояд ба ин монеъгузорӣ бо истифода аз Қонуни асосӣ поён диҳанд.”

Ҳизби либерал-демократи Ғимпу, яке аз 4 ҳизби шомили эътилофи ҳокими мавсум ба "Паймони ҳамоиш бо Аврупо" аст, ки дар пайи интихоботи пурбаҳси соли гузашта ва дар ин давраи мушкили бепрезидентии Молдова ба қудрат расид.

Дар сурати тасвиби тағйирот ба Қонуни асосии Молдова, ин райъпурсӣ ба низоми ҳанӯз 10 сол қабл ҷоришуда, ки ҳаққи интихоби раисии ҷумҳурро ба парлумон вогузор карда буд, нуқтаи таммат мегузорад ва ин ҳаққро ба мардум бархоҳад гардонд.

Раҳбари ҳизби коммунисти Молдова Владимир Воронин дар сентябри соли 2009 дар пайи адои ду давраи раёсат, аз мақоми президентӣ рафт. Вале парлумони Молдова, ки аз 101 курсӣ иборат аст, тайи ин як сол натавонист барои интихоби раиси ҷумҳури ҷадид 61 раъйи лозим ҷамъ биоварад.

Эътилофи рӯ ба ғарби «Паймони ҳамоиш бо Аврупо» дар парлумон 60 вакил дорад. Яъне, барои интихоби президент ба ин гурӯҳи сиёсӣ ҳамагӣ як райъ намерасад.

Аммо коммунистҳо, ки 41 курсии боқии парлумонро дар ихтиёр доранд, аз ироаи як райъ ба эътилофи ҳоким ба хотири интихоб шудани раиси ҷумҳури ҷадид даст кашидаанд.

Молдова дар дуроҳа

Ин бунбаст, боиси пеш омадани мушкилоти маъмурӣ низ шудааст, чунки парлумон дар ин шароит, ки дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ холист, наметавонад қонунҳои тасвибкардаашро бидуни имзои президент дар маърази иҷро бигузорад.

Вазъи пешомада, Молдова, фақиртарин кишвари қораи Аврупоро дар дуроҳае байни Маскаву Ғарб ва байни коммунистҳо ва эътилофи ғарбгарое қарор додааст, ки ҳар кадом барои касби нақшу нуфузи бештар дар амри таъйини хатти пешрафти ояндаи ин кишвар мубориза мебарад.

Коммунистҳо дар интихоботи баҳори соли гузашта баранда эълон шуданд, вале эътирозҳои хунин алайҳи тақаллуби натоиҷи ин маърака боис шуд, ки дар моҳи июли ҳамон сол, интихоботи такрорӣ барпо кунанд. Ин дафъа маърака ба нафъи эътилофи рӯ ба Ғарби иборат аз 4 ҳизб анҷом ёфт.

Ҳузури камранги мардум

Вале мушорикати мардум дар соатҳои аввалияи райъпурсии 5 сентябр чандон фаъолона ба назар намерасид. Кумиссиюни марказии интихоботи Молдова гуфт, тайи 3 соати аввали раъйгирӣ, ҳамагӣ чизе бештар аз 2 дарсад аз 2 миллиону 600 ҳазор нафари воҷиди шароити раъй ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтаанд.

Вале дар давоми рӯз, вазъият метавонад тағйир кунад. Бар асоси назарсанҷиҳои қаблӣ, беш аз 65 дарсади мардум қасди ширкат дар райъпурсиро доштаанд. Ва аксарияти кулли пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба тарафдорӣ аз пешниҳоди интихоботи мустақими раиси ҷумҳури Молдова раъй хоҳанд дод.

Натоиҷи муқаддамотии раъйпурсӣ, қарор аст, шоми душанбе эълон шавад. Агар ин раъйпурсии саросарӣ ба интихоботи мустақими раёсати ҷумҳурӣ райъи мувофиқ диҳад, интихоботи ҷадиди ҳам парлумон ва ҳам раҳбари давлат ғолибан дар як рӯз, дар моҳи ноябр барпо хоҳад шуд.

Миҳай Ғимпу гуфт, дар сурати интихоботи пеш аз мӯҳлат, ҳизби либерал-демократи ӯ, номзади худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад кард.

Ду ҳизби дигар аз эътилофи ҳоким низ шояд дар пайи ҷустуҷӯи номзадҳои худ ба президентӣ шаванд. Додгоҳи Олии Молдова ба даври саввуми раёсат ҳақ доштани раиси ҷумҳури собиқ Владимир Воронинро радд кард, вале чунин ба назар мерасад, ки коммунистҳо ба ҷуз ӯ номзади билқуввае надоранд, ки вориди мубориза шавад.

Ба эҳтимоли ғолиб, набард барои курсии раёсаси ҷумҳурии Молдова байни номзадҳои эътилофи ҳоким сурат хоҳад гирифт.

Аммо шоеъоте низ дар миён ҳаст, ки шояд раҳбари ҳизби демократ Мариан Лупу аз эътилофи ҳоким хориҷ шуда, бо коммунистҳо як эътилофи чапгаро ташкил диҳад.

Дар ҳар сурат, Молдоваро баъд аз ин раъйпурсӣ, тирамоҳи гарми сиёсие дар пеш аст.