Кӯлоб дар зери об (аксҳо ва видео)

Бар асари боронгарии шадид оби дарёи канори шаҳри Кӯлоб боло шуда, шаҳрро зери об гузошт. Дар Кӯлоб 15 ҷасад, дар Шӯробод 5 ҷасад ва дар Норак 1 ҷасад ёфтаанд ва аз сарнавишти даҳҳо нафари дигар хабаре нест.
Обхезӣ дар соати дуи шаб воқеъ шудааст, дар замоне, ки аксари мардум хоб буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли ҳодиса рафт ва дар он ҷо ҷаласаи изтирорӣ доир кард.

Хабарнигори мо Мӯъмин Аҳмадӣ аз шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки феълан вазъ бисёр мудҳиш аст ва обхезӣ пули баромадгоҳи шаҳрро комилан хароб кардааст.

Дар соати 7-и субҳ аз кӯчаи Чармгарон ҷасади ду кӯдак ёфт шудааст. Дертараш ҷасади як нафари миёнсол низ ёфт шудааст. Дар маҷмӯъ, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, 15 ҷасад дарёфт шудааст. Сарнавишти даҳҳои дигар норӯшан аст.

Дар ҳамин ҳол, дар маҳаллаи Сарчашмаи Шӯробод панҷ тан ҷони худро бар асари сел аз даст додаанд. Вазорати ҳолоти изтирорӣ аз марги як нафар дар Норак хабар додааст. Тибқи маълумоти аввалия, хисорот беш аз 100 миллион долларро ташкил додааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, кормандони ҳолатҳои изтироӣ дар соати 8-и субҳ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Хабарнигори мо мегӯяд, ҷараёни об ба ҳадде тез аст, ки имкони наҷот додани мардумро аз гирдобҳо сангин кардааст. Афроде, ки дар чунин ҳол қарор доранд, беш аз ҳазор нафар тахмин зада мешаванд. Сел кӯчаҳои Корвонгузар, Якуми май, маҳаллаи Зиракии ҷамоати Кӯлобро фаро гирифтааст.

Садҳо бино тахриб шуда, ҳоло дар навоҳии Шӯрободу Мӯъминободу Восеъ низ вазъ хеле нигаронкунанда мебошад. Симҳои барқ хароб шудаанд ва мардум барқ надорад.

Мардум аз бими ҷон ба болои бомҳои хонаҳояшон баромада, ва интизори ёрӣ ҳастанд. Журналисти маҳаллӣ Аҳмади Иброҳим мегӯяд, ҳамроҳи панҷ кӯдакаш дар даруни обу гил мондааст ва ҳоло як духтарашро, ки сел бурдааст, ҷустуҷӯ дорад. Вай гуфт, мисли ӯ даҳҳо нафар дар ҷустуҷуи наздикони худ ҳастанд.

Дар соати пас аз 9-и субҳ хабар расид, ки мардум ҳамроҳ бо кормандони ҳолоти изтирорӣ ҳашт тифлро аз зери об берун оварда, ба бемористон бурдаанд. Мирзоалӣ Миралиев, раиси идораи тандурустии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, то соати даҳуним дар маҷмӯъ беш аз панҷоҳ нафар ба беморхонаи марказии шаҳр оварда шудаанд.

ТАҚОЗОИ ЧАРХБОЛУ БТР

Хоку гиле, ки селхезӣ бо худ овардааст, имкони ҳаракати мошинҳоро номумкин кардааст.

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз дивизияи 201-и Русия БТР кӯмак хостааст. Аз шаш БТР, ки дивизияи 201 ваъда додааст, то соати 10 ду БТР ба маҳалли ҳодиса барои ёрӣ расидааст.

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, ба хабарнигорон гуфтааст, мардумро бо ёрии чархбол метавон наҷот дод.

Вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ, ки ҳамчунин дар маҳалли ҳодиса мебошад, аз сафоратҳои Русия ва Амрико тақозо кардааст, то бо чархболҳояшон ба ёрии Тоҷикистон оянд, чун бидуни чархбол наҷоти мардум душвор аст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси вилоят телефонӣ сӯҳбат кардааст. Ҳукумат як комиссияи давлатӣ барои ёрӣ ба осебдидагон ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис додааст.

Пас аз зӯҳр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври изтирорӣ ба маҳалли ҳодиса сафар кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Sel dar Kulob



Ду рӯзи пеш низ боронгариҳо ба шаҳри Кӯлоб харобиҳо оварда буд.

ХЕШУ ТАБОР, ШИНОСҲОЯТОН ДАР КӮЛОБАНД? ОНҲО ЧӢ МЕГӮЯНД?