Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази пойтахти Тоҷикистонро имрӯз, 10-уми май аз оқибатҳои жолаборони дирӯза тоза доранд.

Жолаборони шадиди зуҳри 9-уми май, ки беш аз 15 дақиқа давом кард, заминро мисли барф сафедпуш намуд. Бар асари жола бархе аз роҳҳои шаҳр ғарқи об шуд. Аксари шоҳидон мегӯянд, тайи даҳсолаҳои ахир чунин жолаборони шадидро ёд надоранд.

Дар бораи хисороти жола то ҳануз иттилое пахш нашудааст. Вале ба нақли шоҳидон, имрӯз ба биноҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, идораи гази шаҳри Душанбе ва телевизиёни давлатии Тоҷикистон об ворид шудааст ва маъмурони имдодӣ барои рафъи оқибатҳои жолаборон фиристода шудаанд.

Тайи рӯзҳои ахир дар пойтахти кишвар ва навоҳии атрофи он пай дар пай боришоти шадид рух медиҳад. Бино ба гузоришҳои манобеи расмӣ, аз рӯзи 8 то кунун боронҳои сел дасти кам дар ҳафт ноҳия ва шаҳри Душанбе идома кардааст. Бино ба арзёбии муқаддамотии созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дасти кам 230 хонавода бар асари селу боришоти зиёд осеб дидаанд.

Фоҷеаи ғамангезе аз ҷумла дар рустои Қаҳрамони ноҳияи Турсунзода ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар онҷо се тифл, яке 11-сола ва дигарӣ 3-солаву хурдӣ якунимсола бар асари сел ҳалок шудаанд.

Дар шаҳри Душанбе борони зиёд дирӯз қубурҳои обгузарро вайрон кард ва роҳҳои маркази пойтахтро зери гилу об намуд.

Бино ба иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, боришоти шадиди ду ҳафтаи ахир ба бахши кишоварзии кишвар беш аз се миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG