Раҳбари ҳизби "Минтақаҳо"-и Украина, Виктор Янукович имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳури мунтахаби Украина савганд ёд кард. Вай дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина дар рӯзи 7 феврал бар рақибаш, нахуствазир Юлия Тимошенко пирӯз омада буд.
Интизор меравад, ки Виктор Януковичи 59-сола, муносиботи Украинаро бо Русия наздиктар ва ҳамчунин онро ба самти ҳамоиш ба Аврупо равон хоҳад кард. Виктор Янукович қавл дод, ки аз истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвараш ҳифозат хоҳад кард.