Аз Бақохӯҷа пурсидам, ки оё кори заврақронӣ мушкил набуд? Чунки ӯ дар Хуҷанд аслан бо ингуна машғулият шинос набуду ҳамчунин бори аввал дар ҳаёташ уқёнуси беҳадду канорро медид. Вай гуфт, ки ба кори ӯ ҳамчун як таҷрибаомӯз бо муҳаббат ва таҳаммул муносибат карда, корро омӯзиш медоданд, вале ҳангоми пеш омадани кори сахту сангине ӯву дигар ҷавонҳоро намегузоштанд, ба иҷрои он даст зананд.
Вай мегӯяд, дар кори иҷорадиҳии заврақҳо ӯро Даниел аз соҳибкорони Масачусетс ҳамроҳи мекардааст. Ӯ пас аз ду ҳафта тамоми вижагиҳои ин корро аз худ карда, ҳамчунин шонсе пайдо кардааст, то бо кори заврақронҳои ҳақиқӣ шинос шавад.
Бақохӯҷа мегӯяд, аслан барои амрикоиҳо аз куҷо ва кӣ будани кас чандон муҳим нест ва аз назари ӯ, барои ин ҷомеа ва мардум ҳуқуқу озодиҳои кас бештар аҳамият дорад.
Баъди се моҳи боздиду таҷрибаву муошират бо мардуми он тарафи уқёнус Бақохӯҷа дар моҳи октябр тавассути Маскав дубора роҳи зодгоҳашро пеш гирифт.
Вай мегӯяд, дар роҳи бозгашт хостааст ду-се рӯз дар пойтахти Русия монда аз ҳолу аҳволи бародар ва чанд пайванди муҳоҷири кориаш бохабар шавад. Ӯ мегӯяд, вайро зарур омад аз шаҳри Маскав ба манотиқи атроф, ба деҳоту русто ва вилоятҳои он сафар кунад.
Бақохӯҷа меафзояд, Маскав шаҳри хеле зебост, ҳунари меъмории хости худро дорад ва хеле серодаму сермошин аст, вале дар давоми се рӯзи сафар зуд бо воқеиятҳои дигари зиндагӣ шинос шудааст, ки он ҳам масъалаи ҳуввияти ӯ ҳамчун як хориҷиву ғайрирус будааст.
Ӯ мегӯяд, ки баъди дидорбинӣ бо хешу наздикони муҳоҷираш дарк кардааст, ки ин масъала яке аз мушкилоти аслии мавриди нигаронии ҷавонҳои тоҷик дар Русия мебошад, ки пайваста дар ҳаросанд, то бо гурӯҳҳои нажодпарасту миллатгаро рӯбарӯ нашаванд.