Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Боку, Маориф Акберлӣ гузориш дод, ки "бино ба гуфтаи додситонӣ, 13 нафар кушта, 10 нафар захмӣ шудаанд. Бино ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин ҳамларо касе анҷом додааст, ки аз ин донишгоҳ набудааст, вале озаритабор ва сокини минтақаи Марнеулии Гурҷистон будааст. Яке аз донишҷӯён ба ман гуфт, ки ҳамлакунанда вориди донишгоҳ шудааст ва бо чанд донишҷӯ аввал ба баҳс пардохтааст ва сипас аз тапонча ба паррондан шурӯъ кардааст. Муовини раиси пулиси Боку ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳамлакунанда дар маҳалли ҳодиса ба қатл расонда шудааст ва баъд аз чанд соат дар бораи ин ҳамла изҳороти расмӣ ба нашр мерасад".
Кушта ва захмишудагон асосан донишҷӯёну омӯзгорони Академияи давлатии нафти Озарбойҷон будаанд. Ба камияш ду донишҷӯи хориҷӣ дар байни кушташудагонанд ва мақомот мегӯянд, се нафар аз захмиён шаҳрвандони Судонанд.