Обама ба Туркия рафт

Обама ба Анкара фуруд меояд

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз, шашуми апрел, дар Анкара бо раҳбарони Туркия мулоқот мекунад.
Туркия нахустин кишвари мусалмонист, ки Обама аз он ба сифати президенти Амрико дидан мекунад. Обама дирӯз, панҷуми апрел, дар Прага, қабл аз рафтанаш ба Анкара аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, дар чаҳорчӯби талошҳо ба хотири ҳамкории бештари Ғарб бо ҷаҳони Ислом Туркияро ба узвияти ин созмон бипазирад. Аммо ин пешниҳод аз ҷониби раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел радд шуд. Фаронса мухолифи узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо буда, хонум Меркел гуфт, ин масъала ҳамоно зери суол боқӣ мемонад.

Обама дар Туркия чандин мавзӯъ сар карда, аз Ироқ ва рафта то Қафқозу Эронро матраҳ хоҳад кард. Обама метавонад дар ин ҷо таъкид кунад, ки Анкара, ки аз умдатарин қудратҳои минтақа маҳсуб мешавад, ошкоро омодааст, то ибтикорҳои Кохи сафед ҷиҳати пайдо кардани роҳи ҳалли дипломатии мушкилоти минтақаро дастгирӣ кунад. Дар ҳоле ки Амрико нақша дорад артишашро аз Ироқ фаро хонад, Вашингтон аз Анкара ва дигар ҳамсоякишварҳо мехоҳад барои бунёди фазои устувори сиёсӣ дар атрофи он кишвари ҷангзада мусоидати бештар кунанд.

Дар робита ба Қафқоз Кохи сафед мехоҳад ба талошҳои Русия барои овардани Гурҷистон ба доираи манфиатҳои стротежиаш мухолифат кунад. Амрико аломатҳои онро, ки Туркия мумкин аст, марзашро бо Арманистон дубора фаъол карда, омодааст дар тамоми Қафқоз нақши фаъолтарро иҷро кунад истиқбол мекунад. Амрико ва Туркия ва ҳамчунон Русия дар ин минтақа манфиатҳои бузурги энержӣ доранд.

Вашингтон ҳамчунин мехоҳад роҳҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи бевоситаи бештарро бо кушишҳои худи Туркия омӯзад ва бавижа фишангҳои сиёсӣ ва иқтисодии он кишварро дар гуфтушунидҳо миёни Сурия ва Исроил ё Афғонистон ва Покистон истифода барад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳукумати нахуствазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон дер боз муштоқи табдил додани Туркия ба қудрати дипломатии минтақавӣ мебошад ва ба ҳамкорӣ бо Обама дар ин замина омода аст.