Падруд, бурқаву фаранҷӣ?

Телевизиони хусусии “Имрӯз”-и Афғонистон барои нахустин бор дар таърихи навини ин кишвар озмуни мудро доир кард.
Хонуме бо шими варзишӣ, пироҳани остиндароз ва пойафзоли варзишӣ. Дигарӣ бо куртаи зебои миллӣ ва пойҷомаву гарданбанди дароз. Ҳарду онҳо хиромон рӯи саҳнаи қолинпӯш аз назди доварони заррабин мегузаранд. Хайрамақдам ба “Афғон Модел”, як барномаи ҷадиди телевизионӣ ва озмуни тарроҳони либос. Барномае, ки аз сӯи телевизионии хусусии “Имрӯз” барои сокинони даҳ вилояти марказии Афғонистон пахш ва аз сӯи ширкатҳои хусусӣ ва тоҷирони кишвар сармоягузорӣ мешавад.

Ба гуфтаи раиси барномаҳои телевизиони “Имрӯз” Фаҳим Кӯҳдоманӣ, “ҳадаф аз баргузории ин озмун намоиши муди афғонӣ ва тағйири чеҳраи Афғонистон дар назари оламиён аст”.

Моҳи гузашта баъд аз даври аввали озмун 80 довталаб барои ширкат дар даври навбатӣ, ки 22 март, рӯзи таҷлили Наврӯзи оламафрӯз доир мешавад, роҳ ёфтанд. Интизор меравад, ки озмун тобистон бо рақобати ширкаткунандагони даври ниҳоӣ поён ёбад. Онҳо барои ду ҷоизаи аслӣ, аз ҷумла роҳхатҳо ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ ва дигар ҷоизаҳо, талош хоҳанд кард.

Масъулини телевизиони “Имрӯз” мегӯянд, замоне, ки онҳо ин барномаро тарҳрезӣ мекарданд, ҳадс мезаданд, ки дар он шояд ҳамагӣ сад-дусад нафар ширкат кунад. Ва аммо ғайриинтизор беш аз 2 ҳазор нафар шаҳрвандони аз 18 то 32-сола, ки бештари онҳо мардҳоянд, хостори ширкат дар ин озмун шуданд. Бархе аз хонумҳои ҷавон аз манотиқи ноором ва таҳти назорати муҳофизакорон, аз ҷумла аз вилояти ҷанубии Қандаҳор, барои намоиши пироҳани худ ба Кобул мераванд. Дар ин вилоятҳо занону духтарон асосан бурқапӯшанд ва ҳатто рӯмол ба сар кардан ҷасорат маҳсуб мешавад.

Вожма, як донишҷӯи 18-сола, мегӯяд, ки ҳатто дар Кобул - шаҳри нисбатан замонавӣ мутмаин кардани пайвандонаш барои ширкаташ дар ин озмун саҳл набуд.

Ҳомид, дигар аз ширкаткунандагони озмун, мутмаин аст, ки ин барнома ба ӯ имкон медиҳад, то дар оянда ҳамчун тарроҳи касбии либос фаъолият кунад. Ҳомид меафзояд, “баъд аз суқути Толибон дар Кобул мо ба моҳвора дастрасӣ пайдо кардем ва ман бисёр вақт барномаҳо оид ба мудро тамошо карда аз худ мепурсам, ки чаро мо афғонҳо дар намоишҳои байнулмилалии тарроҳони либос ширкат надорем”. Замони қудрати Толибон дар Афғонистон мусиқӣ ва ҳама гуна барномаҳои фароғатӣ аз байн бурда шуданд,

Гуфта мешавад, дар намоиши “Афғон Модел” ягон тарроҳи касбӣ ширкат надорад ва довталабон фақат бо пироҳане рӯи саҳна меоянд, ки аз нигоҳи онҳо, мутобиқ ба муди ғарбӣ ва ё афғонист. Доварон ҳам собиқаи ширкат дар ин гуна озмунҳоро надоранд ва ғолибонро аз рӯи ҳаракату пироҳани пӯшидаашон муайян мекунанд.

Масъулини “Имрӯз” умедворанд, ки озмуни “Афғон Модел” шӯҳрати ин шабакаи телевизиониро боло мебарад, ҳарчанд теъдоди бузурги афғонҳо ин барномаро чун сабқати дур аз одоб ҳадафи танқид қарор додаанд.