Олимпиада ва Осетияи Ҷанубӣ дар матбуоти Ғарб

Аксари нашрияҳои амрикоӣ ва ғарбӣ дар шумораи тозаи худ ба вокуниши ИМА ба ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Ин рӯзномаҳо бо нашри матолиб хулоса кардаанд, ки на ИМА ва на HATO ба Гурҷистон кумаки низомӣ нахоҳанд кард, зеро, ба эътиқоди онҳо, дар сурати ғайр Амрико мусоидати Русия барои ҳалли масоили муҳим ва саросариро аз даст хоҳад дод.
Рӯзномаи амрикоии «Интенейшнал ҳералд трибюн» навиштааст, симои Ҷорҷ Буш, ки бо Путин дар расми ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ суҳбат дорад ва, дар ҳоле ки ҳамон лаҳзаҳо тайёраҳои Русия Гурҷистонро бомбборон мекунанд, ҳақиқати сиёсати Амрико дар муқобили Русияро ошкор мекунад. Ба қавли ин рӯзнома, ҳарчанд ИМА Гурҷистонро аз нерӯмандтарин ҳампаймонҳои худ дар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ медонад, аммо Вошингтон ба Маскав ниёзи бештар дорад, ба вижа дар масоили дардманди Эрон, аз ин рӯ таваккал ва ба пуштибонии Гурҷистон иқдом намекунад.
Рӯзномаи «Вашингтон пост» аммо аз қавли як мансабдори амрикоӣ бе муаррифии исмаш менависад, дар мавриди Гурҷистон нақшаи Русияро фаҳмидан мушкил аст. Ба қавли ӯ дар атрофи он, ки кӣ нахуст оташ кушод, беинтиҳо мешавад баҳс кард. Ба навиштаи рӯзнома, мансабдори воломақоми амрикоӣ гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва NATO ба кумаки Гурҷистон нахоҳад шитофт, ва афзудааст мо феълан аз чаҳорчубӣ дипломатияи байнулмилалӣ хориҷ нахоҳем шуд.
Ҳарчанд дар ин ҷанг Гурҷистонро мешавад муттаҳам кард, манависад рӯзнома, аммо гурҷиҳо созиши оташбасро пешниҳод карданд, вокуниши Русия бошад дар ин маврид афзоиши ҳамла ва идомаи бумбборон буд ва аз ин рӯ дарки ин қазия бароямон хеле мушкил хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи итолиёвии «Лa Cтампа» суол гузоштааст, ки барои чӣ Тбилисӣ маҳз ҳамин ҳоло ҷангро оғоз кард. Ва низ навиштааст, он гуна набояд бошад, ки Амрико аз ин тасмимгириҳои Гурҷистон бехабар бошад. Ба қавли рӯзнома, Саакашвилӣ инчунин тасмими оғози ҷангро бе маслиҳати пуштибонҳои худ, аз ҷумла ИМА, нагирифтааст.
«Ле стампа» бар ин аст, ки чун Тифлис ҷангро оғоз кард, албатта, ризояти Вошингтонро ба даст даровардааст. Рузнома зикр мекунад, ки ҳисобҳои Саакашвилӣ равшан аст, яъне агар Русия ҷиддӣ ба қаҳр биёяд, барои Гурҷистон талаби шомил шудан ба НATO ва баъдан ба Иттиҳодияи Аврупо осон хоҳад шуд.
«Уол стритт ҷорнал» ба рақобати абарқудратҳо дар бозиҳои Олимпии Пекин таваҷҷуҳ карда, навиштааст, ки, сарфи назар аз онки масоъили зиёди сиёсиву эколожӣ, ки Олимпиадаи Пекинро муҳосира кардааст, ин Олимпиада, қабл аз ҳама, маҷмӯъи рақобатҳои варзишӣ хоҳад буд. Ва муҳимтар аз ҳама ба суоли аслии «Кӣ дар бозиҳои олимпии Пекин пирӯз хоҳад шуд?» бояд посух пайдо кард.
Ба қавли ин рӯзнома, посухи як гурӯҳи бузурги коршиносон, ки ба пешгӯии натоиҷи бозиҳои олимпӣ сару кор доранд, Чин аст, яъне Чин барои аввалин бор дар инчунин мусобиқоти сатҳи баланд аз ҳарифи аслии худ Амрико пеш гузашта, мақоми аввалро касб хоҳад кард. Аммо боз ҳам идораҳои букмекерӣ ба пирӯзии ИМА шак надоранд, навиштааст нашрия, ва пешгӯӣ мекунанд, ки ИМА бо 47 медали тило мақоми аввалро касб хоҳад кард.