Қазоқистон: қадр аз журналистони боистеъдод

Дар Қазоқистон майдони журналистика чун саҳроҳои кишвар васеъ аст

Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон соли равон ягон нафар аз журналистони мустақил ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони ҷумҳури лоиқ дониста нашуд, дар Қазоқистон ҳар сол даҳҳо нафар рӯзноманигорони мустақил соҳиби ҷоизаи иттиҳоди журналистони кишвар ва ҳатто ҷоизаҳои давлатӣ мегарданд.
Саидқозӣ Матаев, раиси Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон, мегӯяд, ки ҳар сол аз рӯи 10 номгуй ба беш аз 20 журналист барои мақолаҳои ҷолиб ва пажӯҳишу наворҳои олиашон ҷоизаи Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон эҳдо мегардад.
Ӯ таъкид мекунад, ки ҳангоми муайян кардани ғолибони ин ҷоиза муҳимтар аз ҳама онҳо маҳорати ҳирфавӣ ва мавқеъи фаъъоли журналистро дар зиндагӣ ба инобат мегиранд. Ҳазинаи ин ҷоиза аз ҳисоби маблағи ҳаққулузвияти аъзои Иттиҳоди журналистон ташкил мегардад. Ҷоизаи иттиҳодии журналистони кишвар мустақил аст ва он на ба ягон ниҳоди ҳукуматӣ ва на ба Вазорати фарҳанги кишвар тобеъ аст.
Ғолибонро комисиюни озмун интихоб мекунад ва бо тавсия он Иттиҳоди журналистон қарор содир мекунад. Ҳар сол аз дар 10 номгӯй дунафарӣ, яъне 20 нафар, ҷоизадорон муайян мегарданд ва аз онҳо тақрибан 80 дарсадашон журналистони мустақиланд.
Ба гуфтаи оқои Матаев, дар байни ҷоизадорон ҳам журналистони нашрияву садову симои кишвар ва ҳам журналистони расонаҳои хабарии байнулмилалӣ ва ҳатто рӯзноманигорону публисистони хориҷиро метавон пайдо намуд. Аз ҷумла, соли гузашта журналисти англис Алан Ҷонсон, ки дар навори Ғаза буд, бо ҷоизаи Итттиҳоди журналистони Қазоқистон сарфароз гардонида шуд . Аз ҷумла, Бермет Акаеваи қирғизистонӣ барои китоби публисистиаш лоиқи ин ҷоиза гардид. Ҳамчунин, тавре Матаев иброз дошт, хабаргирони расонаҳои байнулмилали мисли ожонси «Рейтер» ва ВВС ҷоизаи иттиҳодияи байнулмилаиро гирифтаанд. Донабек Жалмирзо хабарнигори бахши қазоқии родиои Озодӣ, ки беш аз 10 сол дар родиюи байнулмилалии ВВС фаъъолият дошт, ин гуфтаҳоро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки худи вай низ ҳангоми дар ВВС фаъъолият доштанаш соҳиби ҷоизаи иттиҳоди журналистон гашта буд.
Бар илова хидмати Донабек чун хабарнигори ВВС бо ҷоизаи Ҳизби расмии ҳокими «Отан» низ барои мунсифона ва ҳамаҷониба инъикос кардани ҳаёти сиёсиву иҷтимоъии кишвар қадр гардидааст.
Донабек мегӯяд, ки ба ҷуз вай боз ҳар сол заҳмати чандин нафар журналистони мустақил ва ҳатто рӯзноманирони нашрияҳои мухолифи давлат бо ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Қазоқистон қадр карда мешаванд, ва, аз ин нигоҳ, дар Қазоқистон арзёбии фаъъолияти журналистон воқеъбинона ва ғайрисиёсиву мунсифона сурат мегирад.
Ин нуктаро дар арафаи ҷашни Наврӯз хабарнигори бахши қазоқии родиои «Озодӣ» Наиля Равшан бори дигар таъйид намуд. Ӯ барои гузориши пурмуҳтавояш бо ҷоизаи севуми «Алянс-банк» ба миқдори 100 000 танга (850 доллари амрикоӣ) қадр гардид . Воқиъан, ин шашумин ҷоизаи Наиля аст ва сетои он ҷоизаҳои давлатӣ мебошанд.