Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элис Уеллс аз ҳукумат хост, ба кормандони Радиои Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад


Элис Уеллс зимни сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2019
Элис Уеллс зимни сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2019

Як дипломати баландпояи Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба тамоми кормандони дафтари Радиои Озодӣ иҷоза бидиҳад, ки бе маҳдудият кор кунанд. Элис Уэллс, муовини аввали дастёри вазири умури хориҷӣ дар як баёнияе, ки сафорати Амрико дар Фейсбук рӯзи 1-уми апрел нашр кард гуфтааст, "Рӯзноманигорони далеру сарсупурдае чун кормандони хабаргузории Радиои Озодӣ иттилооти муҳиму наҷотбахш дар бораи бемории дунёгири COVID19-ро ба мардум мерасонанд. Ман аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, ки маҳдудиятҳои дастрасӣ ба иттилоотро лағв кунад ва бедиранг ба ҳама кормандони Радиои Озодӣ эътиборнома (аккредитатсия) диҳад".

Баёнияи дипломати амрикоӣ дар остонаи тасмимгирии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои тамдид ва ҳам додани парвонаи кор ба хабарнигорони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе нашр шуд. Қарор буд, вазорат ба дархости деринаи Радиои Озодӣ барои иҷозаи яксолаи кор додан ба 13 хабарнигор ва корманди дафтараш дар Душанбе рӯзи 1-уми апрел ҷавоб бидиҳад.

Вазорат аз моҳи майи соли гузашта аз додани парвонаҳои кории яксола ба кормандони Радиои Озодӣ худдорӣ кардааст. Мӯҳлати эътибори парвонаҳои баъзе аз кормандон сипарӣ шудааст ва ё вазорат онҳоро бозпас гирифтааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ гуфт, ки ба 4 корманди Радиои Озодӣ аз ҷумла ронандаи он иҷозаи кор додааст. Аккредитатсияи 7 корманди дигар, аз ҷумла ду раиси собиқи дафтар дар Душанбе ба гуфтаи вазорат баррасӣ мешавад.

Радиои Озодӣ ба сабаби надоштани аккредитатсияи мудирони дафтар, вазифаҳои онҳоро ба дӯши хабарнигорони дигар гузошт. Пештар аз баёнияи Элис Уэллс, муовини аввали вазири умури хориҷӣ, Ҷемӣ Флай, мудири Радиои Озодӣ низ ҳукумати Тоҷикистонро барои монеагузорӣ дар фаъолияти хабарнигоронаш дар Душанбе танқид кард.

Ӯ дар номае ба Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ гуфт, талошҳои монеагузорӣ дар замони пандемияи коронавирус ва замоне сурат мегирад, ки теъдоди корбарони Радиои Озодӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ин нишон медиҳад, ки мардум ҳоло "беш аз ҳар вақти дигар ба дарёфти хабару гузоришҳои он ниёз доранд". Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд ҳамеша гуфтаанд, хостори ҳузури Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонанд, аммо таъкид кардаанд, ки бо намояндагони гуруҳ ва созмонҳои мухолифи давлат мусоҳиба анҷом дода нашавад.

XS
SM
MD
LG