Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукерберг: "Фейсбук" даргири мусобиқаи таслиҳотӣ бо Русия аст. ВИДЕО


Раиси "Фейсбук" дар нишасте бо аъзои Конгресси Амрико гуфт, ширкати ӯ даргири як "мусобиқоти таслиҳотӣ" бо гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Русия аст -- гурӯҳҳое, ки талош доранд бо нуфуз бар фазои маҷозӣ, ба интихобот ва афкори умумӣ таъсир расонанд.

Марк Зукерберг, бунёдгузор ва раиси "Фейсбук" рӯзи 10-уми апрел дар баробари сенаторҳои амрикоӣ ҳозир шуд, то ба пурсишҳои онҳо посух диҳад. Аз раиси "Фейсбук" даъват шуда буд, то барои шарҳу тавзеҳ дар мавриди интиқоли маълумоти корбаронаш ва мавридҳои ҷанҷолии дигар, ба нишасти Кумитаи адлия ва Кумитаи савдои Сенати Амрико биравад.

Раиси Фейсбук гуфтааст, аз ин пас шахсияи соҳибони сафҳаҳои бузург ва пуртарафдор баррасӣ хоҳад шуд ва корбароне, ки ҳуввияташон ғайри қобили таъйид бошад, иҷозаи интишори матлабро нахоҳанд ёфт.

Раиси "Фейсбук" масъулияти интиқоли маълумоти корбаронаш ба як ширкати машваратии сиёсӣ бо номи "Cambridge Analytica"-ро ба ӯҳда гирифт. Бино ба маълумотҳо, "Cambridge Analytica", ки аз ҷумла дар вақти интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико ба ситоди Доналд Трамп машварат медод, маълумоти шахсии ҳадди ақал 87 миллион корбари "Фейсбук"-ро ҷамъоварӣ ва таҳлил кардааст.

Марк Зукерберг ҳамчунин пазируфтааст, ки ширкати ӯ барои мубориза бо "ахбори ҷаълӣ, дахолатҳои хориҷӣ дар интихобот, нашри кинаву адоват ва ҳамчунин ҳифозат аз ҳарими хусусӣ", чораҳои кофӣ анҷом надодааст.

Ӯ гуфтааст, дар Русия касоне ҳастанд, ки "корашон истифода аз кори интернетии мо ва дигарон аст". Бунёдгузори "Фейсбук" сипас афзудааст, "ин як мусобиқаи таслиҳотӣ аст" ва лозим аст барои боло бурдани тавоноиҳои ширкаташ барои муқобила бо дахолатҳои хориҷӣ бар интихобот, сармоягузории бештаре анҷом шавад. Ӯ аз ин, ки дар "шиносонии амалиёти иттилоотии Русия" чораҳои фаврӣ анҷом надодааст, шахсан ибрози таассуф кард.

Раҳбари Facebook эътироф кард, ки бо таъхир ба дасисаҳои русӣ посух додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Раиси ширкати "Фейсбук" рӯзи ҷумъаи гузашта эълом карда буд, аз ин ба баъд ширкатҳои рекламадиҳанда ба "Фейсбук" бояд илова бар нишонаи комил, санадҳои шиносоӣ аз сӯи ниҳодҳои мӯътабар пешниҳод кунанд ва ширкати ӯ танҳо пас аз таъйид ва баррасии ин санадҳо, ба нашри огаҳиҳо ва эълонҳо мувофиқат хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, аз ин пас шахсияи соҳибони сафҳаҳои бузург ва пуртарафдор баррасӣ хоҳад шуд ва корбароне, ки ҳуввияташон ғайри қобили таъйид бошад, иҷозаи интишори матлабро нахоҳанд ёфт. Яке аз ҳадафҳои ин иқдомот, пешгирӣ аз дахолати хориҷӣ дар интихобот дар кишварҳо гуфта шудааст.

Ҷомеаи иттилоотии Амрико ҳукумати Русияро муттаҳам ба ҳамлаҳои кибернетикӣ, истифода аз фазои маҷозӣ, интишори хабарҳои дурӯғ ва монанди инҳо ба ҳадафи таъсир ба афкори умумӣ дар интихоботи Амрико кардааст. Русия ин иттиҳомҳоро радд мекунад.

XS
SM
MD
LG