Мақомот ба таҳқиқи куштори Зиёратшо Қаландаров, раиси пешини "совхози 40-солагии Камароб" дар минтақаи Рашт, шуруъ кардаанд.
Ин ҳодиса дар соли 1994 дар авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон рӯй дода, яке аз гумонзадҳо Шарифи Ширинҷон нав дастгир шудааст.
Шарифи Ширинҷон, машҳур бо лақаби "Шарифи Каллабур", яке аз размандагони собиқи нерӯҳои мухолифин будааст.
Талоши мо барои суҳбат бо наздикони ӯ натиҷа надод.
Зоиршо Қаландаров, писари Зиёратшо Қаландаров, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қатли падараш ду нафари дигар гумонзад ҳастанд.
"Чанде пеш Шарифи Ширинҷонро ба хонаи мо оварда, дар бораи шеваи ба қатл расондани падарам пурсиданд ва ба навор гирифтанд. Гуфт, се нафар буданд ва мусаллаҳ. Вориди хонаи мо шуда, падарамро куштаанд," – афзуд Зоиршо Қаландаров. Худи ӯ дар вақти ҳодиса ҳашт сол доштааст.
Ангезаи куштор маълум нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо далели идомаи тафтиши ҳодиса ҷузъиётро нагуфтанд.
Пайвандони Зиёратшоҳ Қаландаров мунтазири таҳқиқи пурра ва мунсифона ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.
Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Бохтар ду сол пеш Юсуф Солиҳов, сокини ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи куштори гурӯҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум кард.
Баъзе аз ҷиноятҳои ҳодисаи сӣ сол пеш дар Тоҷикистон ҳанӯз нокушода мондааст.