Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ҳамлаҳои Русияро ба Харков "ноком" номид


Владимир Зеленский, акс аз 20-уми майи 2024
Владимир Зеленский, акс аз 20-уми майи 2024

Президенти Украина дар як паёми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамлаи нерӯҳои Русияро ба вилояти Харков "ноком" номид.

Владимир Зеленский шоми 8-уми июн, пас аз мулоқот бо фармондеҳони ҳарбӣ, дар шабакаи "X" (Твиттери пешин) гуфт, нерӯҳои украинӣ аз пешравии Русия дар минтақа "ҷилавгирӣ" мекунанд ва онро "натиҷаи муҳим" хонд.

"Нерӯҳои мо сарбозони русро, ки ба хоки мо ворид шуда, дар вилояти Харков ваҳшат эҷод мекунанд, аз байн мебаранд," -- афзуд Зеленский.

Нерӯҳои Русия дар аввали моҳи майи имсол ҳуҷумро ба вилояти Харкови Украина сахттар карданд.

Вилояти Харков дар сарҳади Украина ва Русия ҷойгир аст.

Таҳлилгарон ин гашти Русияро талоши ин кишвар барои таъсиси минтақаи, ба истилоҳ, "буферӣ" барои ҳифзи қаламрави худаш донистанд.

XS
SM
MD
LG