Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Нетаняҳу дар бораи Эрон. Амрико истиқбол кард, Аврупо эҳтиёт


Изҳороти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар бораи пайдо кардани санадҳои "маҳрамонаи барномаи ҳастаӣ ва мушакии Эрон", вокунишҳои байналмилалӣ дар пай доштааст. Амрико рӯзи 30-юми апрел дар баёнияе эълом кард, ки ин маълумотро ба диққат баррасӣ мекунад.

Бенямин Нетаняҳу рӯзи душанбеи 30-юми апрел дар баёнияе гуфт, ки Исроил ба "санадҳо"-и пешрафти пинҳонии барномаи ҳастаии Эрон даст ёфтааст, ки нишондиҳандаи "фиреби ҷаҳониён" аз сӯи Теҳрон аст.

Зариф: Исроил коҳи кӯҳнаро бод мекунад

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, изҳороти нахуствазири Исроил такрори маълумоти қадима аст, ки қаблан аз сӯи Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Вазири умури хориҷии Эрон дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "раиси ҷумҳур Трамп дар ростои аз байн бурдани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, фаврӣ ба суроғи иддаоҳои қадимӣ рафт, ки Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ пеш аз ин онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Нетаняҳу: "Эрон ҷомеаи ҷаҳониро фиреб дод"

Ба гуфтаи Бенямин Нетаняҳу, ин санадҳо "қотеона" собит мекунад, ки Эрон ҳамчунон ҷомеаи ҷаҳониро бо "бешармӣ фиреб дода" ва барномаи ҳастаии худро баъд аз БАРҶОМ -- Барномаи ҷомеи амали муштарак, ба нуқтаҳои пинҳонӣ, ғайр аз пойгоҳҳои ҳастаии шинохташудаи Эрон интиқол додааст.

Вай аз ба даст овардани санадҳои зиёд, ки ба гуфтаи вай, шомили 55 ҳазор санад рӯи 183 CD, аз таҳқиқоти махфиёнаи Эрон дар тарҳе бо номи "Имод" аз сӯи Исроил хабар дода ва бидуни ишора ба шеваи ба даст овардани ин санадҳо, онро "дастоварди бузурги истихоборотӣ", ки "ҷаҳон то ба ҳол надида буд", номидааст. Нахуствазири Исроил ҳамчунин гуфта буд, ки ин санадҳоро дар ихтиёри Амрико қарор дода ва ба Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастӣ низ хоҳад дод.

Вокуниши Амрико

Амрико дар баёнияе рӯзи душанбе эълом кардааст, ки аз маълумотҳои ба тозагӣ нашркардаи Исроил огоҳ аст ва ин маълумотро бо диққат мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар ин баёния омадааст, ки ин маълумот чузъиёти нав ва қобили эътимоде дар бораи талошҳои Эрон барои сохтани силоҳҳои ҳастаӣ ироа мекунад.

Кохи Сафед дар идома гуфтааст, "ин маълумоти ироашуда бо ончи, ки Амрико дар ин бора медонист, мутобиқат дорад. Эрон барномаи ҳастаии густурда ва махфиёнае дошт ва талош кардааст, ки аз чашми ҷаҳониён ва мардуми худ пинҳон кунад, вале ин талош ноком будааст."

Кохи Сафед таъкид кардааст, "ҳукумати Эрон нишон дод, ки аз аслиҳаи вайронгар алайҳи ҳамсоягонаш ва дигарон истифода мекунад. Эрон ҳаргиз набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад."

Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора гуфта буд, тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон пас аз ҳафт сол тамом хоҳад шуд ва Эрон метавонд биравад ва силоҳи атомӣ бисозад. Вай изофа кард, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон иҷоза медиҳад ин кишвар пас аз ҳафт сол ба тарафи сохтани силоҳи ҳастаӣ биравад ва ин нишон медиҳад, коре, ки Бенямин Нетаняҳу анҷом дод, "дуруст" буд.

Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба ин, ки то 12-уми май дар бораи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон тасмим мегирад, гуфт, "аммо ин ба он маъно нест, ки барои як тавофуқи воқеӣ гуфтугӯ намекунем."

Вокуниши Аврупо

Дар ҳамин ҳол Федерико Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора гуфтааст, ки нахуствазири Исроил дар гуфтаҳояш пойбандии Эрон ба БАРҶОМ-ро зери суол набурдааст. Масъули сиёсати хориҷии Аврупо баён доштааст, ки ҷузъиёти баёнияи нахуствазири Исроил мавриди баррасӣ қарор мегирад ва Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ низ бояд дар ин бора изҳори назар кунад.

Хонум Могерини гуфтааст, ки Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ танҳо ниҳоди бетараф ва байналмилалӣ аст, ки вазифаи назорат ба иҷрои пойбандиҳои Эрон ба ӯҳдадориҳояшоро ба ӯҳда дорад.

Дар ҳамин ҳол, сафири Фаронса дар Вашингтон низ гуфтааст, фаъолиятҳои гузаштаи Эрон далели хубе дар ҳимоят аз тавофуқи ҳастаии Эрон аст ва на алайҳи он. Як сухангӯи ҳукумати Олмон низ гуфтааст, ин маълумотро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG