Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд ёди Муборакшоҳро бо таронаҳояш гиромӣ доштанд. ВИДЕО


Муборакшоҳ Мирзошоев
Муборакшоҳ Мирзошоев

Ҳунармандон ва пайравони овозхони зиндаёд, Муборакшоҳ Мирзошоев, дар шаҳри Хуҷанд маҳфили ёдбуди ӯро баргузор карданд. Маросим 5-уми июн доир шуд. Дар маҳфил ҳунармандон ҳудуди бист оҳангу таронаи ӯро ба таври зинда иҷро намуданд.

Олим Воҳидов, овозхон ва сардори “Кохи Рӯдакӣ” дар Хуҷанд, гуфт, “маҳз ташаббусу хоҳиши дастаи “Садои Суғд” буд, ки ҳамингуна як барнома пешкаши мухлисон шуд. Аксарият то имрӯз сурудҳои Муборакшоҳро замзама мекунанду дӯст медоранд. Мо барои насли нав ба таври зинда иҷро кардем”.

Ёди Муборакшоҳро дар Хуҷанд гиромӣ доштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Муборакшоҳ Мирзошоев ду даҳсола дар байни мо несту "Сабза ба ноз" ва "Чор ҷавон"-ро намехонад, аммо таронаҳояш дар маъракаҳои хурсандӣ ва ҳолати ғамгинӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон садо медиҳанд.

Анвар Қосимов, яке аз поягузорони гурӯҳи “Садои Суғд”, дар ин маҳфил порае аз суруди Муборакшоҳро бо забони бадахшонӣ суруд. “Тарзи иҷрои Муборакшоҳ бисёр ба дили мардум наздик аст. Оҳангҳояш низ. Ин ба он маъност, ки дар аввал бисёр одӣ менамояд, вале вақте гаштаю баргашта гӯш мекунед, сурудро бо тамоми вуҷуд ҳис мекунед.”

Солҳои 90-уми асри гузашта, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ҷараён дошт, сурудҳои Муборакшоҳ Мирзошоев дилҳоро ба ҳам мепайваст.

Ба нақли ҳамкоронаш, оҳангҳои ӯ таскинбахши дили ҳазорон тоҷики гурезаи дур аз Ватан буд. Ҳанӯз аксари таронаҳояш сабт нашуда буданд. Вале бо сабти чанд тарона ӯ тавонист, дар дили мардум ҷой бигирад ва ҳарчанд унвоне надошт, аз ӯ баъзан "ҳунарманди мардумӣ" ёд мекунанд.

Ба маҳфили ёдбудаш дар Хуҷанд низ мухлисони зиёд омада буданд. Яке аз сокинони шаҳри Хуҷанд гуфт, “аз хурдӣ сурудҳои Муборакшоҳро бисёр дӯст медорам. Афсӯс, ҳоло барҳаёт нест. Бовар дорам, овозхонҳои мо сурудҳои ӯро аз нав зинда мекунанд.”

Муборакшоҳ Мирзошоев моҳи августи соли 1961 дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шуда, дар чаҳордаҳсолагӣ оҳанги аввали худро иҷро кард. Фаъолияти ҳунариро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд. Дар авҷи шуҳрат, дар 40-солагӣ, рӯзи 8-уми феврали соли 2001 дунёро тарк гуфт. Пизишкон сабаби маргашро бемории шуш ташхис доданд.

XS
SM
MD
LG