Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муборакшо, пеш аз ҳама, муҳаббати мардумро соҳиб шуд". Аз марги овозхони шинохта 20 сол гузашт. ВИДЕО


Муборакшо Мирзошоев

Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт.

Ду даҳсолае, ки ӯ дигар дар байни мо нест ва "Ғарибӣ"-ву "Сабза ба ноз" ва "Чор ҷавон"-ро намехонад, вале таронаҳояш дар маъракаҳои хурсандӣ ва ҳолати ғамгинӣ садо медиҳанд ва аз сӯйи овозхонҳо гаштаву баргашта ва бо шеваҳои гуногун иҷро мешаванд.

"Марз надошт, дар ҳама ҷо дӯст медоштанд"

Нобовар Чаноров, овозхон ва дӯсти Муборакшо Мирзошоев, маҳбубияти ӯро ба ҳамагонӣ буданаш рабт дод. Ӯ рӯзи 8-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

Нобовар Чаноров
Нобовар Чаноров

"Тақрибан ҳамаи ҳунармандон сарҳад доранд. Яъне, баъзеҳоро дар Суғд, баъзеи дигарро дар Хатлон ва иддаеро дар Бадахшон бештар гӯш мекунанду мешиносанд. Муборакшо сарҳад надошт. Ҳоло аз Амрикову Аврупо занг мезананд ва мегӯянд, омода ҳастанд, ки барои гузоштани пайкарааш маблағ диҳанд."

Нобовар Чаноров аз хурдӣ бо Муборакшо ҳамнишину дӯст будааст. Мегӯяд, дар Тоҷикистон бо ҳам кор мекарданд ва як муддат дар Қазоқистон низ ҳамроҳ буданд.

"Соли 1994, вақте ба Алмато рафтам, Муборакшо алакай дар онҷо буд. Суруди "Ғарибӣ"-ро дар як хона сабт мекарданд. Вақте як қисми сурудро хонд, мусиқӣ мерафту Муборакшо хомӯш буд. Дарро кушодам, ки сахт гиря мекард. Пас аз сабти тарона гуфт, "аз инҷо меравам", ҳарчанд дар Қазоқистон хеле обрӯ дошт ва соҳиби эҳтиром буд", -- ба ёд овард Чаноров.

Навори суҳбатҳоро дар бораи Муборакшо дар инҷо бинед:

20 сол бе Муборакшо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:43 0:00

"Насле, ки бо Муборакшоро надидааст, ошиқи Муборакшост"

Солҳои 90-уми асри гузашта, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ҷараён дошт, сурудҳои Муборакшо Мирзошоев дилҳоро ба ҳам мепайваст. Ба нақли ҳамкоронаш, оҳангҳои ӯ таскинбахши дили ҳазорон тоҷики гурезаи дур аз Ватан буд.

Исмоил Назриев
Исмоил Назриев

Ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ натанҳо барои худу баёни дарди дилаш месуруд, балки маъракаи хурсандии одамонро низ, ба истилоҳ, "обод мекард". Чанде аз навори ҳунарнамоии Муборакшо Мирзошоев дар тӯйҳо дар Интернет ҳаст.

Исмоил Назриев, овозхони тоҷик, гуфт, "ҳама ӯро дӯст медоштанд. Мо ҳам ӯро ба хотири фарҳанги баланд ва овози маҳинаш эҳтиром мекардем. Муборакшо дар тӯйи фарзанди калонии ман ҳунарнамоӣ карда буд."

Шоир ва продюсер Орзу Исоев мегӯяд, Муборакшо аз худ мактаби бузурге гузошт ва аксар ҳунармандони ҷавон бо оҳангҳои ӯ вориди саҳнаи ҳунар мешаванд.

"Сабки Муборакшо, салиқаи Муборакшо мактаби Муборакшо ва тарзи иҷрову пешниҳоди ӯ, дар маҷмуъ, ба як мадрасаи ҳунарӣ табдил ёфт. Ҳатто насле, ки бо Муборакшо бархӯрд накардааст, ошиқи Муборакшост", -- гуфт ӯ.

"Мардумӣ будан ягон санад нест"

Ҳанӯз аксари таронаҳояш сабт нашуда буданд. Бо сабти чанд тарона ӯ тавонист, дар дили мардум ҷой бигирад ва ҳарчанд унвоне надошт, аз ӯ баъзан "ҳунарманди мардум" ёд мекунанд.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Орзу Исоев мегӯяд, "мардумӣ будан фақат унвон нест. Мардумӣ будан санаде нест, ки як рӯзи махсус ба дасти ҳунарманд месупоранд ва эълон мекунанд, ӯ мардумӣ аст. Мардумӣ будан ин аст, ки дили мардумро ба даст биёрӣ, дар дили мардум ҷо бигирӣ. Муборакшо пештозтарину пешгомтарин ҳунарманде аст, ки қабл аз ҳама ӯ муҳаббати мардумро ба даст овард."

Муборакшо Мирзошоев моҳи августи соли 1961 дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чашм ба ҳастӣ кушод ва дар чаҳордаҳсолагӣ оҳанги аввали худро иҷро кард. Фаъолияти ҳунариро расман соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намудааст.

Вай дар авҷи шуҳрат, дар 40 солагӣ, рӯзи 8-уми феврали соли 2001, дунёро тарк гуфт. Пизишкон сабаби маргашро бемории шуш ташхис доданд.

Сари оромгоҳи Муборакшо Мирзошоев
Сари оромгоҳи Муборакшо Мирзошоев

"Дар Бадахшон як шоиру ҳунарманд буд. Лидуш Ҳабиб. Ӯ низ ҳамин хел аз дунё рафт. Дар як мусоҳибааш гуфта буд, "хатои ман ҳамин буд, ки ба ҳама ҷо мерафтам, бо ҳама дӯстӣ мекардам, онҳо ба ман мерехтанд ва ман менӯшидам. Агар умри дубора медидам, ба ҳеч ҷой намерафтам." Муборакшо ягон мушкил надошт. Хонаи хубу фарзандон, оила ва гурӯҳи хуб дошт. Ҳама ӯро дӯст медоштанд. Вале муҳаббат одамро зер мекунад", -- гуфт Нобовар Чаноров.

Ҳаводорони Муборакшо Мирзошоев имрӯзҳо ба оромгоҳ рафта, дар ҳаққаш дуо мегӯянду аз тарона ва оҳангҳояш ёд меоранд. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз, ки “Ғарибӣ” садо медиҳаду “Чор ҷавон” бо навъҳои гуногун иҷро мешавад ва “Сабза ба ноз”-ро дар ҳама ҷо меписанданд, ӯ ҳаст ва умри кӯтоҳи худро беҳуда назистааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG