Ксения Диодорова, таррроҳ ва аксбардори ҷавон аз шаҳри Санкт Петербург, барои ошноии наздик бо зиндагиву ҷаҳони ботинии муҳоҷирон аз Бадахшон зимистони гузашта ба водии Бартанг рафта ва тайи як моҳ меҳмони сокинони чанд рустои ин водӣ шудааст ва инак дидаву шунидаҳояшро дар як китоби мустанад нашр кард. Қаблан дар сӯҳбат бо Озодӣ Ксения гуфта буд, ки муносибати бад ба муҳоҷирон дар Русия ӯро водор кардааст, ки барои инъикоси воқеии зиндагии ин қишри бузурги ҷомеа ба яке аз гӯшаҳои дурдаст ва сарди Тоҷикистон биравад. Барои таҳияи ин китоб Ксения як моҳ дар водии Бартанг, дар хонаҳои мардуми оддии Бадахшони Тоҷикистон зиста, аз наздик бо зиндагиву кор, фарҳанг ва маишати онҳо шинос шудааст.
«Дастоварди муҳимтарини ин китоб – инсонҳоянд, ки зиндагии онҳоро ман тавре ҳаст, бидуни ғараз ё сиёсатбозӣ инъикос кардаам», гуфт ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар як сӯҳбати видеоӣ тавассути Скайп
-
Хиромон Бақозода
Аз ноябри соли 2001 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага фаъолият мекунад.
-
Тоҳири Сафар
Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.