Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Қатар раҳбарони "Ҳамос"-ро меронад, агар...


Навори Ғазза, 6-уми июни 2024
Навори Ғазза, 6-уми июни 2024

Миср ва Қатар таҳдид кардаанд, ки агар раҳбарони гурӯҳи "Ҳамос"* ба созиш бо Исроил розӣ нашаванд, онҳоро аз паноҳгоҳе дар шаҳри Давҳа ихроҷ мекунанд.

"The Wall Street Journal" бо такя ба чанд манбаъ навишт, ки ин фишор бо дастури Кохи Сафед сурат мегирад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони расона, раҳбарони "Ҳамос" дар сурати розӣ нашудан на танҳо ихроҷ, балки эҳтимоли ҳабсу мавриди таҳримҳо қарор гирифтан, аз ҷумла ҳабси дороиҳои онҳо вуҷуд дорад.

Нашрия мегӯяд, фишори Вашингтон натиҷаи баръакс додааст. Раҳбарони гурӯҳ гуфтаанд, ба созише, ки мутобиқ ба шартҳои онҳо нест, розӣ намешаванд.

Намояндаи фаластиниҳо Исмоил Ҳания гуфтааст, пешниҳоде, ки ҳафтаи гузашта президенти Амрико Ҷо Байден кард, барои онҳо қобили қабул нест, зеро он қатъи ҷангро кафолат намедиҳад.

"Ҳамос" рӯзи 4-уми июн эълон кард, ки агар Исроил нерӯҳояшро пурра аз Ғазза берун накунад ба пешниҳоди оташбас розӣ нахоҳад шуд. Мақомоти Исроил гуфтаанд, то "Ҳамос" нобуд нашавад, ба оташбаси доимӣ дар Ғазза розӣ намешаванд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG