Дар ин бора нашрияи амрикоии "The Wall Street Journal" бо такя ба чанд мансабдори ҳозира ва пешинаи Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ва Русия хабар дод. Масъалаҳои шахсӣ, корӣ ва геополитикӣ аз муҳтавои суҳбати ду тараф гуфта мешавад.
Ба иттилои як манбаи нашрия дар бахши амнияти Русия, Владимир Путин аз Илон Маск хостааст, ки моҳвораи Starlink-ро дар Тайван фаъол накунад. Ин моҳвора дастрасиро ба Интернети босуръат таъмин мекунад. Манбаъ гуфта, ки Русия ин дархостро ба хотири Чин кардааст.
Сухангӯйи сафорати Чин дар Иёлоти Муттаҳида ба WSJ гуфтааст, бо ҷузъиёт ошно нест ва наметавонад дар бораи вазъ изҳори назар кунад.
Илон Маск ба дархости нашрия барои шарҳи масъала посух надодааст. Пештар ӯ чунин иттиҳомро рад карда, бемаъно хонда буд. Ба гуфтаи Маск, баръакс, ширкатҳои ӯ барои зарба задан ба мавқеи Русия кори зиёде кардаанд.