Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$406 миллиард - саҳми муҳоҷирони корӣ ба кишварҳояшон


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, соли равон муҳоҷирони кории кишварҳои дар ҳоли рушд ба ватанҳояшон беш аз 400 миллиард доллар ирсол хоҳанд кард.

Бонки Ҷаҳонӣ тахмин мекунад, ки дар соли 2012-ум муҳоҷирони кории кишварҳои дар ҳоли рушд ба ватанҳояшон то 406 миллиард доллар ирсол хоҳанд кард, ки дар муқоиса бо соли пеш шашуним дар сад бештар аст. Дар гузориши таҳлилии Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷирати корӣ ва пули муҳоҷирон бахшида шудааст, пешгӯи мешавад, ки солҳои оянда низ миқдори фиристодани пул ба кишварҳои дар ҳоли рушд афзоиш ёфта ва то соли 2015-ум ба 534 миллиард доллар баробар хоҳад шуд.

Ҳамзамон ин ниҳоди молӣ таъкид кардааст, ки ки бӯҳрони ҷаҳони молӣ ба даромади муҳоҷирони кории Аврупо, Осиёи Марказӣ ва баъзе гӯшаҳои Африқо бетаъсир нахоҳад монд.

Бр пояи пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ муҳоҷирони кории Ҳиндустон 70 миллиард доллар, Чин 66 миллиард доллар ва Филипину Мексика то 24 миллиард долларӣ ба ватанҳояшон ирсол хоҳанд кард.

Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки саҳми пули муҳоҷирони корӣ дар маҷмӯи маҳсулоти миллии Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар буда, ба 47 дар сади он баробар аст.

Яке аз муаллифони гузориши Бонки Ҷаҳонӣ Дилип Рата мегӯяд, ки муҳоҷирони корӣ дар ҳоли аз даст додани гум як ҷойи кор оҷилан дар ҷустуҷӯи кори дигар мешаванд ва худро ба шароити нав мутобиқ мекунанд. Ба қавли Рата омодагии муҳоҷирон ба дигаргуниҳо имкон медиҳад, ки онҳо аз бозгашт ба ватан худдорӣ кунанд ва ҷои кору даромади нав пайдо кунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ як идда василаҳои беҳбуди ирсоли маблағ ва сармоягузориии пули муҳоҷирон дар лоиҳаҳои мухталифро тарҳрезӣ кардааст, ки дар сурати иҷро метавонанд, ба муҳоҷирони корӣ ва оилаҳоои онҳо даромади бештар оранд.
XS
SM
MD
LG