Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исрори муҳоҷирон ба ҳаққи худ дар интихобот


Дар ҳоле ки то интихоботи раёсти ҷумҳури Тоҷикистон камтар аз ду моҳ мондааст, муҳоҷирони кории тоҷик хоҳони эҷоди шароит барои истифода аз ҳаққи қонунии худ дар интихобот ҳастанд.

Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов бо номи "Сомон" рӯзи ҷумъаи 13 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мушкили умда барои муҳоҷирон дар интихобот ин набудани қитъаҳои овоздиҳӣ дар бисёре аз манотиқи Русия аст, ки мухоҷирон он ҷо зиёданд.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, набудани як системаи назоратӣ ва ё нигаҳбонии овозҳо низ нақши умда дорад. Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов бо номи "Сомон" ҳамчунин иддаои масъулони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) дар мавриди он ки аксаран муҳоҷирини меҳнатӣ мавсимӣ кор мекунанд ва қисмати бузурги онҳо моҳҳои октябр ва ноябр ба ватан бармегарданд, рад мекунад.

Вай гуфт, “дар вилояти Свердлов наздики 15 ҳазор муҳоҷирони тоҷик шаҳрвандии ду кишварро доранд, ки онҳо новобаста ба мавсими будани муҳоҷиарт, ҳаққи иштирок ва овоз доданро дар интихобот доранд.”

Мирзоев бо ишора ба он ки имзои муҳоҷирони тоҷик барои интихоби номзад ба мақоми президентӣ иҷозат дода намешавад, афзуд: “муҳоҷирон талош доранд, ҳадди ақал барои интихоби президенти арзанда нақше дошта бошанд.”

Бо ин вуҷуд, ба бовари соҳибназарон, баъзе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз муҳоҷирони кории тоҷик ба раванди интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таъсир гузоранд. Аммо созмонҳои мухталифи муқими Русия мегӯянд, сатҳи фарҳанги сиёсии муҳоҷирон боло рафта, онҳо низ дигар мисли пештара ба падидаҳои сиёсии Тоҷикистон бетафовут нестанд.

Абукарим Фозилов, муҳоҷири тоҷик, ки дар яке аз шаҳрҳои Русия кору фаъолият дорад, мегӯяд шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия зиёд аст ва бояд ин маъракаи сиёсӣ бо як тасмими ҷиддӣ ва бидуни тақаллуб баргузор шавад, “қувваи кории асосӣ муҳоҷиронанд, ки дар Русия ҳастанд. Бояд дар шаҳрҳои калон участкаҳои интихоботӣ таъсис шавад. Бубинед муҳоҷирон фаъол шуданд, дар ВАО, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет ҳама дар бораи интихобот ҳарф мезанад. Ҳама мехоҳад ки маъракаи интихобот шаффоф ва номзади арзанда интихоб шавад.”

Даврон Ҷалолов, як намояндаи ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Екатеренбург, гуфт, маъракаи имсолаи интихоботи раиси ҷумҳур ранги дигар дошта ва барои курсии президенти муборизаи сахте сурат хоҳад гирифт. Аз ин ру ба гуфтаи ӯ бояд дар минтақаҳои гуногуни Русия ҳавзаҳои овоздиҳи вобаста ба теъдоди муҳоҷирон ташкил карда шавад. Вай бо ишора ба интихоботи парлумонии соли 2010 гуфт, муҳоҷирон фаъол буданд, вале райъи онҳоро касе ба инобат нагирифт. “Бояд номзад боварии мардумро сазовор бошад. Зеро халқ номзади мушаххасро худаш интихоб мекунад. Ҳоло маъракаи омодагӣ ба интихобот ва иштироки муҳоҷирон дар он шурӯъ шудааст.”

Дар ҳамин ҳол Кумиссиюни марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон аз таъсиси 54 маркази раъй дар хориҷ аз кишвар хабар дод.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ ба Озодӣ гуфт, ин рақам дар муқоиса ба интихоботи порлумонии 2010 се маротиба бештар аст. Тибқи иттилои Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имсол тақрибан 4 миллион нафар сокини ин кишвар ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро ба даст меоранд, ки аз ин шумор, ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд. Абдуманон Додоев, гуфт: «танҳо дар қаламрави Русия дар 22 шаҳри он марказҳои раъй ташкил мешавад, ки умдатан дар шаҳрҳои Маскав, Санкт - Петербург, Твер, Тула, Саратов, Волгоград, Уфа, Қазон, Екатеренбург, ки маҳали буду боши аксари муҳоҷирони кории тоҷик мебошанд.»

Масъулони КМИРТ мегӯянд, бо таъсиси марказҳои райъ мехоҳанд, ширкати муҳоҷиронро дар маъракаи интихобот таъмин кунанд.

Аммо қаблан Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони тоҷик, ки дар берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, наметавонанд номзадии худро ба мансаби президентӣ пешниҳод кунанд ва дар ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади худ саҳм гузоранд.

Масъулини КМИР дар ҳоле ҷамъоварии имзо дар хориҷ аз кишварро ғайримумкин медонанд, ки беш аз як миллион нафар аз атбои Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебаранд. Ё худ 5 дар сади интихобкунандаҳо дар хориҷ аз кишвар қарор доранд.
XS
SM
MD
LG