Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари У.Қувватов: "Мегуфт, баъди маргам миёнатро маҳкам банд"


Қумриннисо Ҳафизова -- ҳамсари Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи "Гурӯҳи 24" мегӯяд, ки баъд аз марги шавҳараш майл надорад бо панҷ фарзанд ба Тоҷикистон баргардад.

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов - раҳбари кушташудаи "Гурӯҳи 24" мегӯяд, бо панҷ фарзанди кӯчакаш майли бозгашт ба Тоҷикистонро надорад. Баъд аз қатли Қувватов дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ, ин хонавода дар Истамбул ба сар мебарад.

Ҳафизова: "Мушкил аст. Бе ин ҳам се сол бо кӯдакон зери фишор қарор доштам. Ба хотири шавҳарам ҳама мушкилҳоро таҳаммул кардам. Ба ҳар ҷое, ки сафар мекардам, ба хотири он буд, ки шавҳарам зинда монад. Ҳоло дигар нест. Ҳеҷ вақт ҳолати паррондану дар рӯи дастони ман ҷон доданаш аз пеши чашмонам намеравад. Шабу рӯз ҳамон ҳолат пеши чашмонам меояд."

Озодӣ: Ҳоло Умаралиро дар ҳамин ҷо дар Туркия ба хок супурданд. Шумо дар оянда зиндагӣ дар ҳамин ҷоро ихтиёр мекунед ё бо фарзандон ба Тоҷикистон бармегардед? Ё бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ ягон кишвари дигарро барои зиндагии оянда интихоб мекунед?

Ҳафизова: Агар Туркия моро қабул кунад, ҳамин ҷо мемонем. Мазори шавҳарам дар ин ҷост. Ман ҳеҷ гоҳ шавҳарамро тарк накардаам. Ҳатто аз ҳоло аз ҳукумати Туркия хоҳиш кардаам, ки дар паҳлӯи қабри шавҳарам барои ман ҳам як ҷои дигар диҳанд, то ман ё яке аз фарзандон назди падарашон бошем. Мо ҳеҷ вақт сар хам намекунем. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳам хавотир ҳастанд, чунки ҳамон рӯзи қатл ба хотири як яхмосу ёгурт писарони маро ҳам фиреб карда бурда буданд. Вақте писарон аз по афтиданд, Умаралӣ фаҳмид, ки ба мо заҳр додаанд. Тирезаҳои хона боз буд, табақаи якум буд ва ҳамон нафаре, ки парронд, бояд аз тиреза медаромад. Вале зуд аз хона гурехтем ва ҳамон нафар Умаралиро дар кӯча парронд."

Озодӣ: Ҳамон шабу рӯзҳо мегуфтанд, гӯиё ҳангоми паррондан қотил чанд калимаи тоҷикиро ба забон овардааст. Оё Шумо шунидед?

Ҳафизова: "Не, нашунидаам. Таъсири заҳр баланд буд. Ман ҳатто аз раҳгардӣ монда будам. Чашмонам пӯшида мешуд. Шахси паррондагиро надидам. Писарам ҳангоми рӯ ба рӯ кардан вайро шинохтааст. Мегӯяд, баъд аз паррондан мушташро гиреҳ карда, боло бардоштааст, яъне ишора ба он будааст, ки корашро иҷро кардааст. Баъд таппончаро ба камарбандаш монда, давидааст. Баъд аз як моҳи дигар бояд шавҳарам ба Аврупо мерафт. Одами худашонро (Сулаймонро) ба шавҳарам наздик карданд ва ба воситаи вай фаҳмиданд, ки Умаралӣ ба Аврупо меравад ва дар он ҷо нақшаашонро иҷро карда наметавонанд. Барои ҳамин онҳо кӯшиш карданд, дар ҳамин ҷо корро тамом кунанд. Ҳукумати Туркия исбот кардааст, ки Сулаймон се моҳ пеш не, ҳатто моҳи июл ба Туркия омадааст. Зангҳои телефонии Сулаймон бисёртар аз Тоҷикистон будааст."

Оиша, духтари калонии Умаралӣ Қувватов дар болои тобути падараш
Оиша, духтари калонии Умаралӣ Қувватов дар болои тобути падараш

Озодӣ: Ҳоло саломатии Шумо ва фарзандонатон баъд аз истеъмоли заҳр дар хонаи Сулаймон, чӣ тавр аст? Духтурон чӣ мегӯянд?

Ҳафизова: "Духтурон барои санҷиш боз хун гирифтанд. Натиҷаашро ҳоло нагуфтаанд. Ҳукумати Туркия ҳам ҳанӯз дар ташвиш аст. Моро таҳти амният гирифтаанд ва эҳтиёт мекунанд, ки бо мо ҳам коре нашавад. Дар YouTube ҳам ҳанӯз сабтҳо ҳаст ва ба Умаралӣ таҳдид мекарданд, ки мо туро бо авлодат нест мекунем. Барои ҳамин, ба мо якчанд нафар посбон доданд. Хӯрокҳое, ки мо истеъмол мекунем, санҷида мешаванд. Таҳдидҳо ҳанӯз ҳаст ва то охир аз байн намеравад. Саломатии ман он қадар хуб нест, аммо саломатии бачаҳоям хубтар шудааст."

Озодӣ: Шояд аз таъсири заҳр бошад?

Ҳафизова: "Не, ба хотири шавҳарам. Зиқ мешавам, танҳоӣ, афсурдагӣ... Мақомоти Тоҷикистон нахост, ки ҷасади шавҳарамро ба зодгоҳ барам. Агар режим дигар шавад, то нафаси охирин ҷасади вайро ба Тоҷикистон мебарам. Ман дар рӯи ҷанозаи шавҳарам савганд ёд кардаам."

Озодӣ: Ҳоло Шумо барои фарзандонатон ҳам модар ҳастед, ҳам падар. Сарнавишти ояндаи онҳоро чӣ гуна тасаввур мекунед?

Ҳафизова: "Агар мо ба Тоҷикистон равем, ман сад фоиз бовар дорам, ки фарзандони Умаралиро дар ягон ҷои хуб таҳсил кардан намемонанд. Мумкин аст фарзандони маро дар он ҷо ба одамони (изгой) “пасту манфур” табдил диҳанд. Ман ҳеҷ гоҳ аз ин ҳукумати Тоҷикистон хоҳиши

Қумринисо Ҳафизова.
Қумринисо Ҳафизова.

ба Ватан баргаштан намекунам. Се сол фарзандони ман ба хотири амнияти шавҳарам таҳсил намекарданд, ки ҷои зисти шавҳарамро пайдо накунанд. Акнун созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, фарзандони ман бояд таҳсил кунанд ва тарбияи хуб бигиранд. Пешниҳодҳо ҳам ҳастанд. Мақомоти Туркия ҳам аз мо мепурсанд, ки чӣ хоҳиш дорем. Хоҳиши фарзандони ман дар ҳамин Туркия мондан аст. Вале намедонем, ки созмонҳои байналмилалӣ барои амнияти онҳо чӣ тасмим мегиранд. Худи фарзандон намехоҳанд мазори падарро тарк кунанд. Шояд дар бораи мактаб соли оянда фикр кунем. Ҳоло тафтишоти куштор идома дорад."

Озодӣ: Худи Шумо ҳам дархости паноҳандагӣ додаед?

Ҳафизова: "Бале, ман ҳам дар ҷустуҷӯ қарор дорам. То ҳол ҳуҷҷатҳои шавҳарам барои дархости паноҳандагӣ ҳаст. Барои ман ва фарзандонам ҳам ҳаст."

Озодӣ: Эҳсосоти Умаралӣ дар вақтҳои охир чӣ гуна буд? Оё хатари маргро ҳис карда буд? Ба Шумо чизе мегуфт?

Ҳафизова: "Фақат мегуфт, ки зӯре надоранд, вайро ба Тоҷикистон баранд, лекин кушта метавонанд. Ин ягона роҳашон аст. Дар ҳақиқат ҳамин кор шуд. Мегуфт, "занак, агар маро бикушанд, миёнатро маҳкамтар бибанд”. Дар ҳамон ҳолате, ки ба мо заҳр доданд, ман аз роҳгардӣ мондам ва вақте худро ба китфи шавҳарам партофтам ва гуфтам, “Умар, ман дигар раҳ гашта наметонам”, дасти маро гирифту гуфт, “занак, худро мустаҳкам бигир”. Мо бояд дар рӯзҳои наздик аз Туркия мебаромадем ва ба Аврупо сафар мекардем. Даводаваш фақат барои ҳамин кӯдакон буд. Ба созмонҳои байналмилалӣ мегуфт, ки онҳо (аз Тоҷикистон) гурӯҳ-гурӯҳ одам равон кардаанд, мумкин аст, ки ман то ҳамон дафтари шумо соқу саломат

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

наравам. Мумкин то ба ҳамон дафтари шумо рафтан маро бикушанд. Мегуфт, маро зинда ба Тоҷикистон бурда наметавонанд... Хоҳиши шавҳарам ҳамин буд, ки фарзандонам ба кишваре раванд, ки хатар набошад ва таҳсил кунанд. Духтари калониам Оиша ҳоло мегӯяд, намехоҳад падарашро тарк кунад. Ҳоло дафтари ҳуқуқи башари СММ, Амнестӣ Интернешенл ва Фридом Ҳаус бо мо кор мекунанд. Онҳо ҳар тасмиме, ки гиранд, мо ба ҳамон нигоҳ мекунем. Вақте аз Тоҷикистон баромадем, барои бехатарии Умаралӣ дар Қирғизистон ба номи дигар кас як тазкира дуруст карда будем. Бо ҳамон тазкира ба тарафи Туркия сафар кардем. Вай мегуфт, амният дар Туркия хубтар аст ва бовар надошт, ки дар ин ҷо ин ҳодиса рух медиҳад. Ҳоло ман мехоҳам, зиндагии Умаралиро фарзандонаш идома диҳанд. Духтари хурдиам, то ҳол ба марги падараш бовар надорад ва мегӯяд, “падарам як рӯз бо ҳавопаймо меояду моро мебарад”. Вале духтари калониам Оиша тамоман ҳиссиёти дигар дорад."

Озодӣ: Метавонем бо Оиша аҳволпурсӣ кунем?

Ҳафизова: "Бале, ман гӯширо медиҳам."

Озодӣ: Оиша, хости падаратон чӣ буд, оё Шумо таҳсилро идома медиҳед?

Оиша: "Хости падарамон ин буд, ки чанд забонро ёд бигирем. Ин орзуи падарро мо амалӣ мегардонем. Вай барои ман танҳо падар набуд, балки вай апа буд, ака буд, хоҳар буд... Барои ман вай ҳама кас буд. Дар кӯдаки ҳис мекардам, ки аз ҳама кӯдаки хушбахт ман ҳастам. Ҳоло, ки падарам нест, фикр мекунам, ки аз ҳама духтари бадбахт ман ҳастам..."

Озодӣ: Тоҷикистонро ёд накардед?

Оиша: "Тоҷикистон барои чӣ равам? Дигар падари ман дар Тоҷикистон нест... Бо бародаронам таҳсил мекунем."

Озодӣ: Бародаронат ин ҷо ҳастанд?

Оиша: "Бале, Абубакр ин ҷо ҳаст. (Абубакр ҳамон писарест, ки вақти паррондани Умаралӣ қотилро дида буд.)"

Абубакр
Абубакр

Абубакр: "Салом, ман писари ҳоҷӣ Умаралӣ ҳастам."

Озодӣ: Абубакр, Шумо ҳамон одами паррондагиро бо чашми худ дидед? Вай ҳамон вақт чизе гуфт?

Абубакр: "Парронду гурехт. Вақте, ки манро бо як одам дар политсия рӯ ба рӯ карданд, ман дидам, ки ба ҳамон монанд буд. Лекин вай гап назад, агар гап мезад, ман мефаҳмидам, ки вай тоҷик аст ё не."

Умаралӣ Қувватов – раҳбари “Гурӯҳи 24” шоми 5 март дар Истамбул дар меҳмоние дар манзили Сулаймон Қаюмов бо хонум ва ду писараш заҳролуд шуд ва дар поёни ин меҳмонӣ аз тарафи шахси номаълум парронда шуд. То ҳол расидагӣ ба парвандаи вай идома дорад ва мақомот аз додани маълумот дар бораи ин куштор худдорӣ мекунанд ва онро сирри тафтишот медонанд.

XS
SM
MD
LG