Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умаралӣ Қувватов кӣ буд? (ВИДЕО)


Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Наздиконаш аз Умаралӣ Қувватов як фарди кумакрасон, ҳамкорони собиқаш тоҷири хуб ва иддае сиёсатмадори тасодуфӣ ва шахси таваккалӣ ном мебаранд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар пайи таъсиси "Гурӯҳи 24", ӯро бемори рӯҳӣ унвон карда буд.

Тоҷире, ки беш аз даҳ сол паҳлӯ ба паҳлӯи афроди наздик ба шахси аввали Тоҷикистон муввафақ буд, бо як гашти ранҷишомез дар сиёсат ба мухолифи онҳо табдил ёфт. Аммо мухолиф будани ӯ тӯл накашид ва шаби 5 ба 6 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд.

Умаралӣ Қувватов 26-уми ноябри соли 1967 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи маъруф бо номи “Док”, дар хонаводаи Иззатулло Қувватов, маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дунё омадааст. Дар 5-солагӣ аз падар ва ба дунбол аз модар маҳрум мешавад. Бо чаҳор хоҳар ва як бародар дар хонаи ятимони шаҳри Душанбе бузург шудааст.

"Зиндагияшон хуб буд, аммо..."

Оишамоҳ Абдуллоева, аммаи Умаралӣ Қувватов, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар хонаи ятимон комилан дар як муҳити русӣ бузург шуда, баъд аз хатми мактаби миёна шомили факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад. Рағбати ӯ ба тиҷорат аз солҳои донишҷӯӣ пайдо мешавад, ки дар солҳои баъд аз истиқлолият ба боз кардани ширкатҳои тиҷоратӣ даст мезанад.

Оишамоҳ Абдуллоева
Оишамоҳ Абдуллоева

Мусоҳиби мо гуфт, дар бораи тиҷорати бародарзодааш иттилои зиёд надорад, аммо таъкди кард, "ӯ ягона нафари ёрирасон ба хоҳарон ва бародари ятимаш буд". "Падараш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ захмҳои зиёд бардошта буд ва аз ранҷи ин захмҳо фавтид. Ӯ худаш бо азоб калон шуда буд ва ҳамаи хоҳарону додаронашро саришта мекард. Зиндагиашон хуб буд, аммо чӣ коре кард, ки ҳамаро дар бало монд,"-афзуд Оишамоҳ Абдуллоева.

Дар маҳаллаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур, ки замоне хонаи падарии Умаралӣ Қувватов буд, ҳоло тамоман шахсони дигар зиндагӣ мекунанд. Манзили падарии ӯро наздиконаш чанд сол пеш фурӯхтаанд. Мо ба дунбол чанд тан аз наздикони дигари Қувватовро пайдо кардем, аммо онҳо бо хабарнигорон бо баҳонае, ки солҳо боз "бо Умаралӣ робита надоранд" аз сӯҳбат худдорӣ намуданд.

"Қувватов - тоҷир"

Аммо бархе аз дӯстон ва ҳамкорони собиқаш аз ӯ як тоҷири муввафақ ном мебаранд, ки ба қавли онҳо бо шомил шудан ба корҳои сиёсӣ "худро беҳуда қурбон кард". Муродуло Сафолов, нафаре, ки собиқаи панҷ соли ҳамкорӣ бо Умаралӣ Қувватовро доштааст, мегӯяд, ӯ аз ҷумлаи тоҷироне буд, ки дар бозоршиносӣ ҳамто надошт. Ба гуфтаи ӯ, Қувватов як сол пеш ҳатто имкони тахмин задан дошт, ки кадом маҳсулот ва ё кадом тиҷорат дар Тоҷикистон пешрафт хоҳад кард.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Сафолов мегӯяд: "Дар асл истеҳсолотчӣ набуд, аммо бизнес-стратеги хуб буд. Дар тиҷорат хаёли хом надошт ва ҳар нақшае, ки мекашид, дар амал татбиқ кардан мумкин буд. Бори аввал шоҳиди ин идеяааш будам, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар марз қубури нафтрасонро кашид. Ин кораш харҷи мошинҳои боркаш, расмиёти гумрукӣ ва даҳҳо харҷи дигарро кам кард. Мошин меомад ва шарт набуд, ки худаш он сӯи марз гузарад. Маҳсулоти нафтро аз ин тарафи дарё ба он тараф интиқол медод. Дар охирин сӯҳбаташ гуфт, ки мехоҳад аз ноҳияи Нов то Душанбе қубури нафтрасон бикашонад."

"Сиёсат кори ӯ набуд"

Аммо Сафолов мегӯяд, боре ҳам дар панҷ соли ҳамкорӣ ҳарфе аз забони Умаралӣ Қувватов дар бораи сиёсат нашунида ва ӯро ба ҳайси сиёсатмадор эътироф намекард: "Рости гап, сӯҳбатҳои сиёсиаш хом буданд ва сиёсат кори ӯ набуд. Ҳарфи оқилонае дар сиёсат нагуфт. Мисли кӯдак сӯҳбат мекард. Ӯро фиреби касе аз роҳ зад ба хотири пулаш, вагарна бо вуҷуди ширкаташро гирифтан дар ҳаққаш бадӣ накарда буданд."

Умаралӣ Қувватов чандон шахси шинохта дар Тоҷикистон набуд. Исми ӯ ҳамагӣ чаҳор соли пеш дар пайи таъсиси "Гурӯҳи 24" дар Маскав расонаӣ шуд, ки ҳадафш барканор кардани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз сари қудрат гуфта мешуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои русӣ пайваста сӯҳбатҳояш нашр мешуд, ки ҳодисаҳои сиёсии Тоҷикистонро аз нигоҳи худ баҳо медод. Ба дунбол вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри санаде ӯро гирифтори бемории рӯҳӣ унвон кард ва дар сомонаҳои интернетӣ наворе нашр шуд, ки ӯ дар ҳалқаи сӯфиён дар Афғонистон ба тариқати онҳо рафтор мекунад. Бо дархости Тоҷикистон ӯ дар Дубай боздошт шуд, вале пас аз чанд моҳ дубора озод гардид ва фаъолиятҳои сиёсиашро идома дод.

13 карат ҳоҷӣ

Дӯстмурод Сангов, нафари дигаре, ки Умаралӣ Қувватовро мешиносад, гуфт, ӯ як хислати аҷиб дошт, ки мехост дар ҳама кор худро бисанҷад ва дар ҳама роҳ аз рӯи таваккал рафтор мекард. Ӯ мегӯяд, Қувватов 13 бор ба зиёрати Каъба рафтааст ва ворид шудани ӯ дар доираҳои тасаввуф ҳам воқеият дорад.

Сангов гуфт: "Дар ҳама кор ба гуфтаи тоҷикон мехост "нӯл" занад. Зудбовар буд. Соли 2001 ё 2002 буд, дар Ғарм нооромӣ буд. Бояд ҷоеро диданӣ мерафтем. Касе розӣ нашуд. Ронандааш бо номи Рустам гуфт, ки агар тило диҳанд, намеравам. Касе он ҷо бо таъриф гуфт, Умаралӣ наметарсад ва худаш меравад. Ронандаро аз мошин поён кард ва худаш танҳо рафт."

Ба ин тартиб, бештари ҳамсӯҳбатони мо аз Умаралӣ Қувватов ҳамчун тоҷири хуб ном бурда, вале ворид шуданаш ба сиёсатро "гумроҳӣ" донистанд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24", иддао дошт, ӯ молики ширкати "Фароз" ҳаст, ки наздикони президент аз дасташ гирифтаанд. Аммо ин ширкат ҳамвора таъкид мекард, Қувватов пайванде ба тиҷорати онҳо надорад.

XS
SM
MD
LG