Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари марди муттаҳам ба сӯиқасд ба ҷони Путин дар Киев кушта шуд. ВИДЕО


Амина Окуева.
Амина Окуева.

Шоми 30-уми октябр дар наздикиҳои шаҳри Киев ҳамсари украинии марди чечени муттаҳам ба сӯиқасд ба ҷони президенти Русия Владимир Путин, ба қатл расид. Вазорати умури дохилии Украина мегӯяд, ки дар ин ҳамла шавҳари ин зан ҳам ҷароҳат бардоштааст.

Серҳий Князев, як масъули вазорати умури дохилии Украина гуфт, "дар маконе, ки ҷинояткорони номаълум ҳамла раҳандозӣ намуда, мошинеро бо ду шаҳрванд мавриди оташ қарор доданд, гурӯҳи тафтишотӣ корро оғоз намуд. Яке аз мусофирони мошин кушта ва дигаре дар бемористон аст."

Окуева дар ҷангҳои шарқи Украина дар баталиони ба номи президенти чечен Ҷавҳар Дудаев иштирок намуда, аз дасти фармондеҳони украинӣ туфангча ҷоиза гирифтааст.

Ходимони вазорати умури дохилии Украина дар шабакаи "Фейсбук" навиштаанд, ки аснои убури мошини Амина Окуева ва Адам Осмаев афроди номаълум аз камингоҳ сӯи онҳо оташ кушоданд.

Адам Осмаев дар робита ба ин ҳодиса гуфт, "ӯ аз сараш тир хӯрд. Ман кӯшиш кардам, ки мошинро аз ҷойи ҳамла ҳар чӣ дуртар барам. Баъд муҳаррики мошин мутаваққиф шуд, зеро тир ба муҳаррик ҳам расида буд. Ман кӯмаки аввалия расондам. Вале ҷароҳат ҷиддӣ буд. "

Вай дар посух ба суоли як рӯзноманигор, ки оё фикр мекунад ин кори Русия аст, гуфт, "бале, ин ҷо робита бо сӯиқасд ба ҷони вакили мардумӣ Мосийчук ба назар мерасад. Дар ин ҷо гурӯҳи террористӣ фаъол аст."

Куштори Окуева чанд рӯз пас аз қатли вакили мардумӣ Иҳор Мосийчук ба вуқӯъ пайваст. 26-уми октябр бар асари бомбгузорӣ ҳамроҳ бо раҳбари ҳизби радикали Украина-Мосийчук, як раҳгузар ҳалок шуда, се нафари дигар захм бардоштанд.

Окуева замоне дар ситоди Мосийчук ба ҳайси мушовир ифои вазифа карда буд. Дар моҳи июн ҳам Окуева ва Осмаев мавриди сӯиқасд қарор гирифта буданд. Окуева дар ҷангҳои шарқи Украина дар баталиони ба номи президенти чечен Ҷавҳар Дудаев иштирок намуда, аз дасти фармондеҳони украинӣ туфангча ҷоиза гирифтааст. Маҳз бо ҳамон туфангча ӯ масъули ҳамлаи моҳи июнро маҷрӯҳ карда буд.

Ҳамсари марди муттаҳам бо сӯиқасд ба ҷони Путин кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

XS
SM
MD
LG