Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои "шубҳаовар". Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар куҷост?


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Бо "гум" шудани раиси ҷумҳури Туркманистон аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва майдони иттилоотии он кишвар, ин суол беҷавоб мондааст, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар куҷост? Мақомоти Туркманистон мавзӯъро шарҳ намедиҳанд.

Телевизиони давлатии Туркманистон рӯзи 15-уми июли имсол хабар дод, ки Бердимуҳаммадов ба рухсатӣ рафтааст. Аз он замон то кунун расонаҳо танҳо як дафъа рӯзи 24-уми июл ва он ҳам баъд аз паҳн шудани хабари гӯё маргаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро нишон доданд. Хабари марги ӯ дертар ба воситаи расонаҳои Русия рад шуд.

Вале навори нашршуда дар рӯзи 24-уми июл таваҷҷӯҳи бисёре аз нозирон ва коршиносонро ба худ ҷалб карда, ҳамзамон "шубҳа"-и онҳоро ба бор овардааст.

Толқун Умаралиев, масъули яке аз бахшҳои телевизиони "Настоящее Время" мегӯяд, навори рӯзи 24-уми июл бо бисёр аломатҳояш ба наворе, ки рӯзи 10-уми майи имсол дар барномаи хабарии телевизиони "Алтин Асир" истифода шудааст, шабоҳат ё монандӣ дорад.

"Дар ин ду видео, аввалан, ӯ бо як либос тасвир ёфтааст, ки хеле аҷиб ба назар мерасад. Мо медонем, ки раиси ҷумҳури Туркманистон ба имиҷи худ бисёр аҳамият медиҳад. Шахсан ману ҳамкоронам ҳаргиз надидаем, ки ӯ дар мазҳари ом бо як либос ду бор пайдо шавад. Ранги костюмаш рӯшан аст ва гарданбанди хокистарранг дорад. Ӯро бо ин намуд ду бор – моҳи май ва июл – нишон доданд. Ин худ ба худ хеле аҷиб аст. Инчунин, вақти сабти навор қобили таваҷҷуҳ аст. Пурра тасдиқ кардан ғайриимкон аст, вале ба эҳтимоли зиёд ин наворҳо дар як вақт ва дар моҳи май сабт шудааст", -- шарҳ дод ӯ.

Ба қавли Толқун Умаралиев, таҷрибаи пешопеш омода кардани навори раҳбарони давлатҳо дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русияву Узбекистон ҳам вуҷуд дорад.

Бо вуҷуди чунин сарусадо мақомоти Туркманистон расман дар ин бора шарҳе надодаанд. Мақомот танҳо рӯзи 15-уми июл хабар дода буданд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов то 15-уми август дар таътил хоҳад буд.

Сомонаи "Хроника Туркменистана" менависад, соли гузашта расонаҳои давлатии Туркманистон аз ҷараёни таътил ё истироҳати Бердимуҳаммадов гузориш дода буданд, ки ӯ чӣ кор мекунад. Вале имсол дар бораи истироҳати раиси ҷумҳур ҳеч иттилоъ нест.

Рӯзи 21-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари гӯё даргузашти раиси ҷумҳури Туркманистон нашр шуд. Ҳамон рӯз хабаргузории ТАСС бо такя ба намояндагони сафорати Туркманистон дар Русия навишт, "иттилоъ дар бораи даргузашти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳақиқат надорад".

Дар пасманзари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоии овозхонҳои туркман нашр шуд, ки онҳо аз мардум хостанд, ба "хабарҳои дурӯғ" дар бораи "вазъи саломати президент" бовар накунанд.

Инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои зиёде аз номи "сокинони оддии Туркманистон" нашр шуд, ки дар он манбаи хабар дар бораи марги президент Бердимуҳаммадов танқид шудааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декбари соли 2006, пас аз марги Сафармурод Ниёзов, машҳур бо лақаби Туркманбошӣ, ба курсии президентӣ дар Туркманистон такя зад. Бердимуҳаммадови 62-сола бо рафтор ва машғулиятҳои худ, аз ҷумла овозхонӣ, машқи низомӣ, мошинсавориву аспдавонӣ ва китобнависӣ шинохта шудааст.

Тайи чанд моҳи ахир дар бораи сахт бемор будани Бердимуҳаммадов хабарҳое паҳн мешуд ва худи ӯ низ пайваста ба муддати тӯлонӣ дар мазҳари ом пайдо намешуд.

XS
SM
MD
LG