Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломатҳо хабари даргузашти Бердимуҳаммадовро рад карданд


Хабарҳо дар бораи марги президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳақиқат надоранд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба сафорати Туркманистон дар Русия хабар дод. "Он комилан дуруғ аст. Мо ин хабарро рад мекунем",-иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханҳои намояндаи сафорат.

Пештар расонаҳои русӣ ва минтақавӣ хабар дода буданд, ки Бердимуҳаммадови 62-сола даргузаштааст. Бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳам хабари даргузашти президенти Туркманистонро дарёфт кард, вале талошҳо барои тасдиқ ё ради он бенатиҷа буданд.

Хабари марги Бердимуҳаммадовро намояндаи сафорати ин кишвар дар Қирғизистон низ дар суҳбат бо хабаргузории ​АКИ Пресс рад кард.

Телевизиони давлатии Туркманистон 21 июл, соати 21:00 дар охири барномаи "Ватан"-и худ порчаҳоеро бо иштироки президенти ин кишвар намоиш дод. Вале хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин наворҳо чанд рӯз пеш сабт шуда буданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декабри соли 2006, пас аз марги Сафармурод Ниёзов сари қудрат омад. Моҳи июни соли равон ӯ 62-сола шуд. Тайи чанд моҳи ахир дар бораи сахт бемор будани Бердимуҳаммадов хабарҳое паҳн мешуд ва худи ӯ низ пайваста ба муддати тӯлонӣ дар мазҳари ом пайдо намешуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG