Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Турсунзода чӣ гузашт? Бонги хатари дурӯғин ё машқи эҳтиётӣ? САДО


Интиқоли низомиён ба дараи Ширкенти ноҳияи Турсунзода ва парвози чархболу чораҳои шадиди амниятӣ дар ин минтақа рӯзи 9-уми ноябр миёни мардум сарусадоҳои гуногунро ба миён овард. Баъзе аз сокинон аз эҳтимоли рух додани даргирӣ дар ин дараи ҳаммарз бо Узбекистон нигарон шудаанд. Мақомот изҳороти расмӣ надодаанд, аммо дар суҳбатҳои алоҳида ҳар гуна задухӯрдро рад мекунанд.

Рӯзи 11-уми ноябр дар Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҷавоб ба суолҳои батакрори Радиои Озодӣ дар ин бора гуфтанд, "корҳои профилактикӣ буд, ҳеч ҳодиса рух надодааст". Дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, "тири як шикорчӣ сабаби эъзоми нирӯҳо ба Турсунзода шуд". Тасдиқи дурустии ин хабарҳо аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи душанбе ба деҳаи Гулхаси дараи Ширкенти ноҳияи Турсунзода рафт ва дар бораи сарусадоҳои ахир аз сокинону мақомоти ин маҳалла пурсид. Рустам, сокини деҳаи Гулхас, ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш низомиёни зиёдеро дидаанд, ки "бо мошинҳо равуо доштанд".

Деҳаи Гулхас
Деҳаи Гулхас

Мусоҳиби мо афзуд, аз сарбозе шунид, ки гӯё "рӯзи шанбе дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон бо гурӯҳи ношиносе задухӯрд шудааст". Ин сокини Гулхас мегӯяд, хатти марз аз деҳаи онҳо дур аст ва дақиқ намедонанд, дар онҷо чӣ гузаштааст.

Аз роҳи асосии шаҳри Турсунзода то деҳаи Гулхас беш аз 14 километр аст. Мардуми деҳа мегӯянд, аз макони зисти онҳо то хатти марз низ роҳҳои валангору теппаҳои душворгузар аст ва агар ҳодисае ҳам рух диҳад, "фаҳмиданаш бисёр мушкил".

Чанд сокини дигар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ғайр аз ҳузури низомиён чизи фавқулодаеро мушоҳида накарданд. "Бештар аз Душанбе наздикон бо мо дар тамос мешуданд. Онҳо мепурсиданд, ки дар дараи Ширкент чӣ гап аст? Худамон бехабар будем ва баъд аз пурсишҳои зиёд ба изтироб афтодем", -- гуфт як сокини деҳаи Гулхас.

Гулхас, Ширкент, Турсунзода. Он ҷо чӣ воқеа рӯй дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
Линки мустақим

Искандар Сулаймонӣ, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Турсунзода ягон ҳодиса рух надодааст ва танҳо як "профилактика" буд. Вай иброз дошт, ки дар пайи ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ назорат на танҳо дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, балки бо кишварҳои дигар низ тақвият ёфтааст. "Агар ягон ҳодиса мешуд, расман мегуфтем", -- афзуд ӯ.

Рамазон Сатторов, муовини сардори идораи милисаи деҳаи Гулхас мегӯяд, сарусадоҳо дар мавриди даргирӣ бо афроди ношинос дар марз бо Узбекистон асос надоранд. Вай рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, "як маълумот расид ва мақомот ба таҳқиқ пардохтанд, аммо тасдиқ нашуд". Ҳамсуҳбати мо шарҳ надод, ки гап дар бораи чӣ маълумоте меравад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз як манбаи худ навишт, сокинон субҳи 9-уми ноябр ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар бораи ҳузури шахсони мусаллаҳ дар дараи Ширкенти ноҳияи Турсунзода хабар додаанд ва дар вокуниш ба маълумоти расида мақомот фавран ба Турсунзода нерӯ ва воситаҳои иловагӣ, аз ҷумла, чархбол ва техникаи зиреҳпӯш фиристодаанд.

Деҳаи Гулхас
Деҳаи Гулхас

Ба иттилои манбаъ, "пас аз расидани маълумот дар роҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода постгоҳҳои кормандони сохторҳои қудратӣ гузошта шуда, чархболҳо мавзеи кӯҳистонро таҳти назорат гирифтаанд. Дар натиҷа маълум гардид, шахсоне, ки маълумотро дар бораи “одамони сиёҳпӯши шубҳаовари мусаллаҳ” расониданд, шикорчиёни маҳаллиро тахрибкорони эҳтимолӣ пиндоштаанд."

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, наздик ба марзи Узбекистон минтақаи шикорӣ аст ва ҳангоме ки аз онҷо садои тир баланд шуд, бонги хатар зада, нерӯҳоро сафарбар кардаанд. "Баъд аз як соати дақиқ шудани асли воқеа, ки садои тири шикорчӣ будааст, нерӯҳо дубора ба ҷойи худ баргаштанд. Ягон ҳодисаи дигар нашудааст", -- гуфтанд дар вазорат.

Деҳаи Гулхас дар дарае воқеъ аст, ки охири он ба марзи давлатии Ӯзбекистон мерасад. Шояд ба ин сабаб ҳамчунин вазъи сарҳад низ мавзуи гуфтугӯҳо шуд. Бархе аз расонаҳо гуфтанд, марз баста шудааст. Аммо мақомоти интизомии кишвар мегӯянд, гузаргоҳҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон боз буда, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Интиқоли нерӯи иловагӣ ва роҳандозии тадбирҳои шадиди амниятӣ дар Турсунзода пас аз се рӯзи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-и ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо дар ин ҳодиса ду ва ҳамлаварони кушташударо 15 нафар эълон карданд. Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, 20 ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр "бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд".


Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса панҷ марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро ба ӯҳда гирифта, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" иддао кард, ки дар ҳамла даҳ сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштааст. Мақомот ба ин иддаои ДОИШ посух нагуфтаанд.

Ин гуруҳи даҳшатафкан дар гузашта масъулияти ошӯб дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат ва ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷиро низ ба уҳда гирифтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон ин созмонро террористӣ эътироф кардааст ва то кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз он ва ё ҳамдастӣ бо он боздошту маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG