Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии маъруфи Узбакистон дар Туркия кушта шуд


Яке аз рӯҳониёни саршиноси Ӯзбакистон имом Абдуллоҳ Бухорӣ дар минтақаи Зайтунбурнии шаҳри Истамбули Туркия аз тарафи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифта, кушта шудааст.

Яке аз рӯҳониёни саршинос ва муҳоҷири Ӯзбакистон -- имом Абдуллоҳ Бухорӣ дар минтақаи Зайтунбурнии шаҳри Истанбули Туркия аз тарафи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифта, шадидан захмӣ шуд ва дар бемористон даргузашт. Дар ин бора як манбаи Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми декабр хабар дод. Чанд манбаи дигари мустақил ин хабарро тасдиқ кардаанд.

Бино ба гуфтари як шаҳрвандаи Узбакистон, ки дар Истамбул ба сар мебарад, имом Абдуллоҳ Бухорӣ "вақтҳои охир дар бораи вазъи мусулмонон дар Ӯзбакистон мавъизаҳои шадидан интиқодӣ мекард. Се-чаҳор пеш овозаҳое паҳн шуд, ки ин шахсро мумкин аст, хадамоти махсуси Русия ё Ӯзбакистон боздошт намудаву ба Ӯзбакистон интиқол диҳанд.Он кас ба ӯзбакҳое, ки аз Ӯзбакистон ва Қирғизистон омадаанд, мадад мерасонд ва бо тамоми вуҷуд як мухолифи низоми раҳбарии Каримов буд."

Абдуллоҳ Бухорӣ -- рӯҳонии 38-солаи Ӯзбакистон худ дар наворе дар шабакаи Ютюб дар моҳи октябри соли равон гуфта буд, он ҳамватанонаш, ки ҳангоми сафар ё зиндагӣ дар Туркия ба шунидани мавъизаҳои ӯ меомадаанд, баъд аз бозгашт ба Ӯзбакистон зери фишору таъқиби мақомот қарор мегирифтаанд.

Ба гуфтаи аксарияти манбаъҳои мустақил, ин шахс дар соли 1976 дар оилиаи рӯҳонӣ дар ноҳияи Шаҳрихони Андиҷон ба дунё омада, номи аслияш Мирзоғодиб будааст.

Вай 8 сол пеш ба Туркия ҳиҷрат кардаву дертар шаҳрвандии Туркияро низ ба даст овардааст. Абдуллоҳ Бухорӣ дар минтақаи Зайтунбурнии Истамбул 8 мадраса боз кард, ки дар онҳо шаҳрвандони Туркия, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таълим мегиранд.

Бо оғози нооромиҳо дар Сурия ин имом шадидан зидди режими Башор Асад садо баланд мекард ва ҷиҳодро зидди ин режим барои мусулмонон фарз номид. Бино ба хабари бархе аз манобеъ имом Абдуллоҳ Бухорӣ аз пайравони худ даъват низ менамуд, ки дар ҷиҳоди зидди режими Сурия ширкат кунанд. Аммо чанде пеш, баъд аз нашр шудани наворҳое аз бераҳмиҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ин имом лаҳни худро тағйир дод ва қатли ҳазорон нафар мусулмонро аз тарафи "Давлати Исломӣ" маҳкум кард. Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки Ғарб аз Туркия хост, аз сафари ҷиҳодиҳо аз қаламрави ин кишвар ба Сурия ва Ироқ пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG