Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моҳи асал"-и як ҷуфти тоҷик – дар Дубай. ВИДЕО


Шӯҳрат ва Нилуфар
Шӯҳрат ва Нилуфар

Хурсандии як ҷуфти ҷавони тоҷикро ҳадду канор нест. Нилуфар ва Шӯҳрат баъд аз чанд соли зиндагӣ акнун метавонанд фориғ аз масоили рӯзгор дар Дубай “моҳи асал”-и худро гузаронанд. Ин имкон ба ҳамсарони ҷавон бо иштирок дар маросими ҷоизасупории “Wedding Ceremony Awards” ё маросими ҷоизасупорӣ ба ҷуфт ва тӯйи беҳтарин дар Душанбе даст дод. Ин маросим шоми 1-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Якдигарфаҳмӣ аз мард сар мешавад. Вақте мард бо хонавода муносибати хубу чеҳраи хандон дорад, метавонад зиндагиро хуб ба роҳ монад. Булҳавасӣ ва бепарвоӣ боис ба ҷудошавии оилаҳо мегардад.

Шӯҳрат Бегматов гуфт, хеле боз нақшаи сафару истироҳат ба хориҷро доштанд, вале интизор надоштанд, як акс аз рӯзи тӯй онҳоро ба ин орзу мерасонад. “Мо соли гузашта ҳам иштирок карда будем. Як сертификат гирифтем, вале интизор надоштем, ин бор ҷоизаи аслӣ, яъне сафар ба Дубайро аз худ мекунем. Ин нақшаро мо аз қабл доштем”, - афзуд ӯ.

Дар баробари Шӯҳрат ва Нилуфар боз 49 ҷуфти дигар тавонистанд, дар ин маросим хушҳолӣ кунанд. Онҳо низ дар ин озмун иштирок карда, соҳиби тӯҳфаҳо шуданд. Ба қавли масъулин, ширкатдорони ин маросим ҷуфтҳои интихобианд. Онҳо аз байни садҳо ҷуфте, ки барои ширкат дархост додаанд, гулчин шудаанд. Интихоб ҳам як шарт доштааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Моҳи асали як ҷуфти тоҷик – дар Дубай
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Ризо Самадӣ, яке аз масъулини Ширкати “Тоҷикон Ҳолидей” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо ин ҷуфтҳоро тавассути овоздиҳӣ тариқи интернет интихоб мекунем. Ҷуфтҳое, ки мехоҳанд дар ин маросим ширкат кунанд, акси тӯйи худро мефиристанд ва интихобу даъват мешаванд. Ҳадафи аслӣ муаррифии домоду арӯсҳои намунавӣ ба ҷомеа ва муттаҳид кардани онҳо ҳаст.”

Овозхонии Шабнами Сурайё дар маросими “Wedding Ceremony Awards”
Овозхонии Шабнами Сурайё дар маросими “Wedding Ceremony Awards”

Маросими ҷоизасупории “Wedding Ceremony Awards” соли севум аст, ки баргузор мегардад. Ин ҷашнвора дар соли 2015, соле, ки аз сӯи раиси ҷумҳур “Соли оила” эълон шуда буд, аз тарафи ширкати “Тоҷикон Ҳолидей” ва шариконаш таъсис дода шуд.

Ширкатдорони озмун ва таҳлилгарон ҳам бар ин боваранд, ки ҷашнвора бо содагии худ метавонад дар муттаҳид сохтани оилаҳои ҷавон ва мустаҳкам кардани пайванди онҳо таъсиргузор бошад. Ба гуфтаи Беҳрӯз Зеваров, продюсери шинохтаи тоҷик, ки аз меҳмонони ин ҷашнвора буд, чунин чорабиниҳо на танҳо оилаҳои ҷавон, балки худи ҷавонони кишварро ҳам мутаҳид мекунад. “Албатта, барои ҳавасмандкунии оилаҳои нав кумак мерасонад. Барои онҳо имтиёзҳои зиёд дорад, сафар ба давлатҳои хориҷа, телевизион ва ҳатто хона ҳам тӯҳфа мекунанд. Фикр мекунам хоҳишмандони шикркат дар чунин чорабиниҳо зиёданд”, - изофа кард ӯ.

Беҳрӯз Зеваров
Беҳрӯз Зеваров

Баргузории чунин як маросим бо ҳадафи муаррифии оилаҳои намунавӣ дар ҳолест, ки мақомот солҳои ахир аз мавридҳои зиёди ҷудошавии оилаҳои ҷавон нигаронӣ мекунанд ва барои қоҳиш додани ин ҳолат, чорабиниҳои мухталиф ба роҳ мемонанд. Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон мавридҳои талоқ се сол қабл 19 дарсад афзоиш ёфта, дар нуҳ моҳи соли гузашта ҳудудан 7 ҳазор нафар аз ҳам ҷудо шудаанд. Як далели азҳампошии хонаводаҳои ҷавонро таҳлилгарон дар нофаҳмӣ миёни онҳо ва дур будани марду зан аз аз дунёи якдигар медонанд.

Сӯҳроб Забиров, яке аз дигар ғолибони ҷашнвораи тӯй ва ҷуфти беҳтарин дар “Wedding Ceremony Awards”, мегӯяд, 7 сол боз зиндагии муштарак доранд ва оилаи худро хушбахту муваффақ медонад. Ба гуфтаи Сӯҳроб, пойдории хонавода ва хушбахтии оилавӣ бештар аз мард ва муносибати ӯ бо ҳамсараш вобастааст.

“Якдигарфаҳмӣ аз мард сар мешавад. Вақте мард бо хонавода муносибати хубу чеҳраи хандон дорад, метавонад зиндагиро хуб ба роҳ монад. Булҳавасӣ ва бепарвоии мард нисбат ба занон аксаран боис ба ҷудошавии оилаҳо мегардад. Онҳо фикр мекунанд, ки кори зан осон аст, вале ин тавр нест. Мо бояд пеши ҳар зане, ки фарзанди моро ба воя мерасонад, сари таъзим фуруд орем”, – мегӯяд Сӯҳроб.

Ӯ афзуд, ҳамсарашро худ интихоб кардааст ва дар зиндагии онҳо низ рӯзҳои хушу мушкил буданд. Аммо ӯ гуфт, дар ҳама ҳолат талош кардааст, дар канори ҳамсар бошад ва барои расидан ба ҳадаф ва устувор доштани риштаи пайванди худ якҷо кӯшиш кунанд.

Ташаббускорони ин ҷашнвора мегӯянд, дар баробари ин ҳама як ҳадафи дигари рӯйи даст гирифтани чунин иқдом, тарғиби як шеваи хубу замонавии хонадорӣ ё якҷо ба шаҳру ба шомҳои хурсандӣ рафтани ҳамсарон аст. Чун, аб бовари онҳо, вақтгузаронӣ ва хушҳолӣ бо ҳам метавонад, ҷуфтҳои ҷавонро бо ҳам наздик ва зиндагии онҳоро рангин кунад.

XS
SM
MD
LG