Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзанд азиз, аммо пардохти "алимент"-аш мушкил? САДО


Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, солҳои охир яке аз мушкилоти умдаи бонувони талоқдида дар вилоят – гирифтани кӯмакпулӣ ё алимент барои тарбияи фарзандонашон шудааст. Шикоятҳо ба ин мазмун ба созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам зиёд мерасад ва онҳо мегӯянд, ноогоҳии ҳуқуқии модарон дар аксар вақт онҳоро баъди тарки ҳамсаронашон бечораву дастнигар мекунад.

Танҳо дар ду моҳи охир ба созмонҳои ҷамъиятии вилоят барои дарёфти кӯмак 200 модари танҳо муроҷиат кардааст. Надоштани никоҳи расмӣ, надонистани қонун ва дар муҳоҷирати корӣ будани шавҳарони собиқ аз мушкили асосии ин гурӯҳи занон аст, ки наметавонад ба осонӣ барои фарзандони худ кӯмакпулии қонунии онҳоро рӯёнанд.

"На кӯдаконашро мепурсад, на занг мезанад"

Моҳрухсори 27-сола, сокини шаҳри Сарбанд зуд-зуд ба созмонҳои иҷтимоӣ барои дарёфти кӯмак дар гирифтани алимент ё кӯмакпулии падари фарзандонаш муроҷиат мекунад. Ду сол пеш шавҳари муҳоҷираш ӯро бо ду фарзанди ноболиғ талоқ дод ва ин зан ба хонаи падар баргашт. Ин зан мегӯяд, ки фарзандонаш то рафт бузург ва ташвишу хароҷоташон бештар мешавад.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, солҳои охир яке аз мушкилоти умдаи бонувони талоқдида дар вилоят – гирифтани кӯмакпулӣ ё алимент барои фарзандонашон шудааст.

"Чанд ҷо рафта муроҷиат кардам, ки дар зиндагӣ барои кӯдаконам ягон чизе шавад. Худам ҳам таҳсил накардаам, хонашин ҳастам, дар хонаи падарам ҳастаму кам-кам бародаронам кӯмак мекунанд. Падари фарзандонам қаблан аз Русия занг мезад, вале ҳоло на кӯдаконашро мепурсаду на занг мезанад",-гуфт Моҳрухсор.

Танҳо ба як созмони иҷтмоии "Дилафрӯз" дар шаҳри Қӯрғонтеппа соли ҷорӣ 90 зани талоқдида муроҷиат ва барои таҳияи санадҳо ва ситонидани алимент аз шавҳарони собиқашон дархости кӯмак кардаанд. Вале дар аксар ҳолатҳо мушкили солҳои истиқлоли бисёри занҳо – надоштани талоқи расмӣ ҳалли осони қонунии ин масъаларо мушкил мекунад. Райҳона Ҳақбердиева, роҳбари ин созмони иҷтимоӣ мегӯяд, аксари ин занҳо воқеан ҳам беҳуқуқанд ва ба унвони мисол, дар баробари надоштани талоқи расмӣ, дар бораи будубоши шавҳаронашон ҳам иттилои дуруст надоранд – на суроғаи дақиқи онҳоро медонанду на макони зиндагии онҳоро.

Занони талоқдида -- қишри беҳуқуқи ҷомеа

Райҳона Ҳақбердиева гуфт, дар бисёр ҳолатҳо шавҳарон макони худро ба хотири фирор аз пардохти алимент, махсусан пинҳон медоранд: "Вақте ки зан муроҷиат мекунад, никоҳи мазҳабӣ надорад, яъне талоқ гирифтааст, вале онҳо хатти ақди никоҳи расмӣ надоранд, ба мушкили дучор мешаванд. Заноне ҳам ҳастанд, ки кӯдаконаш шаҳодатномаи таваллуд надоранд. Хеле мушкил аст, чун занон ҳуқуқи худро намедонад ва ё ба ҳангоми зарурати таҳияи санадҳо, аз ҷаҳолату тарс дар баробари анҷоми ин кор – аз муроҷиат ба ниҳодҳои давлатӣ худдорӣ мекунанд. Вале дар натиҷа, кори худ ва фарзандонро мушкил мекунанд."

"Мардон ҳам гила доранд..."

Вале айни замон, мардоне, ки занҳояшонро талоқ додаанд, ҳам гоҳо аз мушкили пардохти кӯмакпулии фарзандон меноланд ва бекориву набуди даромади собитро далели ин вазъ меноманд. Мирзошоҳрухи 33-сола яке аз онҳост. Вай 5 соли пеш ҳамсарашро талоқ дода, тибқи қарори додгоҳи ноҳияи Бохтар, муваззаф шудааст, ки барои ду фарзандаш алимент супорад. Вай мегӯяд, ки ду писари аввалааш аз зани якум ҳам айни ҳамин ҳолро доранд: "Барои ду нафар 200-сомонӣ алимент медиҳам, боз аз ҳамсари дигарам фарзанд дорам. Пул додан барои фарзанди худ кори баде нест, лек ман шароит надорам, як халта орд 160 сомонӣ аст, намедонам, ки чӣ кор кунам, дар ҳоле, ки пул надорам."

Дар моддаи 81 ва 83-и Кодекси оилаи кишвар омадааст, ки дар сурати доштани ақди никоҳи қонунӣ падар муваззаф аст, ки дар сурати тарки оила ба фарзандонаш кӯмакпулӣ диҳад. Ислом Юсупов, ҳуқуқшинос мегӯяд, ки тибқи қонун нафаре, ки ҷойи кори доимӣ ё сарчашмаи даромад дошта бошад, барои як кӯдак 25 дарсад, барои ду кӯдак 33 дарсад ва барои се ё зиёда аз он бояд - 50 дар сади маошашро пардохт кунад: “Агар ҷои кор надошта бошад, аз рӯи муқаррароти додгоҳ муайянкарда маблағ пардохт мекунад. Мисол, нафароне, ки дар муҳоҷират ҳастанд, ҷои кори доимӣ надоранд ва наметавонад, ки саривақт алимент диҳанд."

Қонун чӣ мегӯяд?

Тибқи қонун дар сурати ҳалномаи додгоҳ, ки падар вазифадор аст алимент диҳад, вале бидуни сабабҳои узрнок се моҳ худдорӣ кунад ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маҳкум шудан аз озодӣ дар зарфи як сол, пардохти ҷарима ва ҷалб ба корҳои ҳатмӣ кашида мешавад. Тибқи иттилои расмӣ додгоҳе дар минтақаи Қӯрғонтеппа З.А. - як падари ҷавонро барои пардохт накардани алимент дар зарфи як сол барои як сол аз озодӣ маҳкум кардааст. Боздошт ва зиндонӣ шудани ин падари ҷавон бар асоси шикояти ҳамсараш сурат гирифт.

Дар ҳоле, ки шумораи талоқҳо дар хонаводаҳо меафзояд (1688 маврид дар соли 2016 ва 348 ҳолат дар соли 2017), ҷомеашиносон мегӯянд, аксари мушкилот дар набуди фарҳанги оиладорӣ ва талош барои бунёди оилаи солиму хушбахт аст. Дар натиҷа, на танҳо занон, балки фарзандон азият мешаванд, чун дар муҳити бепадарӣ, дар ба дари хонаи хешовандон дар ҳақириву дастнигарӣ бузург мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG