Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гармиро бидеҳ". Нигаронӣ аз тағйири ногаҳонии ҳаво дар Оқмазор. ВИДЕО


Тирамоҳи сарду бе берқи имсола сад хонаводаи деҳаи Оқмазорро дар водии Вахши вилояти Хатлон нигарон кардааст. Инҷо дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар иқлими гарм дошт, вале имсол якбора сард шуд.

Дар кӯҳҳо ҳезум чандон зиёд нест. Ҷамъовариаш ҳам душвор аст. Боз ҷангалбонҳо иҷоза намедиҳанд, ҷаримаи миёншикан таъйин кардаанд

​"На барқ дорем, на ҳезуми кофӣ"

Сафармоҳ Ҳамзаева, сокини 62-солаи деҳаи Оқмақзор, аз ин тағйироти ногаҳонии обу ҳаво дар ташвиш афтодааст. “Хонаҳо хунук аст. Ба болои ин барқро ҳам хомӯш мекунанд”, - гуфт ӯ рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Сокинони деҳаи Оқмазор аз субҳ то бегоҳ барқ надоранд, чунки дар Тоҷикистон имсол, ба гуфтаи мақомот, ба хотири корҳои “профилактикӣ” маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ ҷорӣ шудааст. Хонаводаи Сафармоҳ Ҳамзаева аз 9 нафар иборат аст ва бештари онҳо хурдсоланд.

Ӯ гуфт, “дар хона як бухорӣ мондем. Нуҳ нафар дар пеши бухорӣ ҷамъ шуда, менишинем. Дар ҳамонҷо хӯрок мепазем.”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Cокинони Оқмазор бо мушкилоташон танҳо мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

"Говҳоро аз беалафӣ фурӯхтем"

Сафармоҳ Ҳамзаева
Сафармоҳ Ҳамзаева

Дар инҷо пайдо кардани васоили гармдиҳӣ кори душвор аст. Пуле, ки писарони Сафармоҳ Ҳамзаева аз даҳмардагӣ меёбанд, ба рӯзгор намерасад, чӣ расад ба харидани ангишт. То ин вақт таппаке, ки аз чорво мегирифтанд, мушкилашонро осон мекард.

“Мебинед, ҳама ҷо сурх аст. Баъзе гову молро фурӯхтем ва баъзеаш аз беалафӣ мурд”, - мегӯяд ин сокини Оқмазор.

Гармии хонаи Шоҳназаровҳо дар фасли зимистон аз Талабшоҳи 16-сола вобаста аст. Ӯ ҳар рӯз аз чанд километр дурӣ бо хар ҳезум мекашонад ва ба рӯзҳои сарди зимистон захира мекунад.

Талабшоҳ Шоҳназаров ягона кумакрасон барои модари танҳову як ҳамширааш аст. Ӯ таҳсилашро аз синфи 9 қатъ кард, то аробаи зиндагиро бичархонад.

"Дар куҳҳо ҳезум зиёд нест"

Талабшоҳ Шоҳназаров
Талабшоҳ Шоҳназаров

“Ин зимистон ҳезумро кам овардем, ки кофӣ нест”, - мегӯяд ӯ. Ҳам Талабшоҳ Шоҳназаров ва ҳам модараш ба ин фикр афтодаанд, ки бо ин ҳезуми кам зимистони сардро чӣ гуна паси сар хоҳанд кард. Сокинони нодори Оқмазор ниҳолҳои хушки ҷангалро барои ҳезум ҷамъ мекунанд, аммо акнун ҷангалҳо соҳиб пайдо кардаанд.

“Дар кӯҳҳо ҳезум чандон зиёд нест. Ҷамъовариаш душвор аст. Боз ҷангалбонҳо иҷоза намедиҳанд, ҷаримааш сангин аст. Ҳезумро аз дараи Гулбулоқ ва Нимҷуқур меорем, ки имсол кам аст”, - гуфт Талабшоҳ Шоҳназаров.

Мизони андуҳи сокинони деҳаи Оқмазорро аз абрҳои осмон пай мебаред. Ҳар қадар абрҳо сиёҳу зич шаванд, ҳамон қадар бар ғами сокинон меафзояд. Чунки дар пешорӯи зимистони сард ва дар бебарқиву беобиву беҳезумӣ фақат ба саховати осмон умед мемонад.

XS
SM
MD
LG