Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи ғофилгир дар Тоҷикистон. “Себу картошка ночида монд” ВИДЕО, АКС


Барфрезиии шадид кишоварзони чанд деҳаи ноҳияи Файзободро ғофилгир кардааст. Барфи ғайриинтизор ҳосили дарахт ва киштзори сокинони ҷамоатҳои Қалъаи Дашт, Мискинобод ва чанд деҳаи дигарро бо хатари нобудшавӣ рӯ ба рӯ намуд.

  • Ҷамоатҳое, ки дар ноҳияи Файзобод зери барф монданд, сокинонаш маъмулан боғпарвар ва он ҳам боғи себ аст. Аммо барфрезӣ шумораи зиёди дарахтонро шикаста, ҳосили теъдодеро ба замин андохтааст.
Зиёда аз як гектар замини картошка дорам. Картошка пурра дар зери барф мондааст.

Боғпарварони Файзобод тақрибан 10 рӯзи пеш ҷамъоварии ҳосилро шуруъ кардаанд. Ҳанӯз тақрибан 50 дар сади ҳосилро ҷамъоварӣ накардаанд.

Тағоймурод Усмонов, сокини маҳаллаи Бобои Валӣ рӯзи 17-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "барои мисол, раиси хоҷагӣ Насруллоҳ Раҳимов тақрибан 40-50 тонна себаш ночида монд. Ҳама зери барф монд. Ба ҷуз аз ин, картошка, нахуд ва карам зери барф монд. Дар маҳалла ҳама зарар дидаанд. Ба нархи бозорӣ гап занам, шахсан 50-60 ҳазор сомонӣ зарар дидам."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Файзобод: Себу картошка зери барф монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

​Бар изофаи он ки ҳосили ҳанӯз ҷамъоваринашудаи себ зери барф мондааст, боғпарварон ҳосили ҷамъовардаашонро натавонистаанд, аз сари замин ба анборҳо кашонанд. Ба қавли онҳо, дар сурати шабона сард шудани ҳаво ин ҳосил низ талаф хоҳад ёфт.

Насруллоҳ Раҳимов, раиси хоҷагии деҳқонии Қалъаи Дашт гуфт, "нав чида будем, ки борон сар кард. Хостем, ки халта карда барорем. Борон сар кард, бо селофан пӯшондем. Тахмин 15 тонна себ аст. Гуфтем борон бас кунад мегирем, ки барф зад. Маҳкам шуд ва дар инҷо монд.”

Кишоварзон мегӯянд, танҳо дар ҷамоати Қалъаи Дашт тақрибан 2000 тонна ҳосили себ дар дарахтон зери барф мондааст.

Аммо аз ҳосили зироатҳое, ки дар заминҳо мондааст, кишоварзони ин деҳоти Файзобод умеди худро кандаанд. Нуралӣ Муъминов, сокини деҳаи Бобои Валӣ гуфт, "зиёда аз як гектар замини картошка дорам. Картошка пурра дар зери барф мондааст. Ҳозир ҳосил ҷамъоварӣ карда намешавад. Дигар аз ин замин ҳосил гирифта мешавад ё не, маълум нест. Барои онки баъди барф лой мешавад.”

Барфи зиёд зербинои чанд деҳаи ҷамоати Қалъаи Даштро низ хароб кардааст. Сокинон тақрибан 3 шабонарӯз бе берқанд. Дарахтон болои хатҳои барқ афтодаанд. Роҳҳо низ дар ин деҳоти куҳистонӣ мушкилгузар шудааст.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Ҳанӯз зиёни барфрезии шадид дар чанд деҳоти Файзобод шумурда нашудааст. Аммо сокинон мегӯянд ҳаҷми зарар аз интизори онҳо бештар хоҳад буд.

Шурӯи зимистони барвақту сербарф дар минтақаҳои Тоҷикистон чандин соли ахир ба мушоҳида нарасидааст. Вале мақомоти Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз қабл сарду сербориш омадани зимистони имсоларо тахмин мезаданд.

XS
SM
MD
LG