Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қисми Душанбе бе об монд. Мардум аз куҷо об бигиранд? ВИДЕО


Дар тақрибан ду рӯзи ахир бисёре аз сокинони Душанбе аз якбора қатъ шудани об ба хонаҳояшон шикоят мекунанд. Ин мушкил аз субҳи рӯзи 16-уми декабр оғоз шуда, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Баъзе афрод мегӯянд, дастикам панҷ рӯз боз ба ин мушкил рӯ ба рӯянд. Мақомот гуфтанд, мушкил дар пайи садамае дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт ба вуҷуд омадааст ва ҳоло 12 гурӯҳи корӣ барои бартараф кардани он машғуланд.

Дилнозаи Азалшоҳ, сокини ноҳияи Сино, рӯзи 17-уми декабр гуфт, ду рӯз боз аз фурӯшгоҳҳо об мехарад, вале кофӣ нест. Вай дар ошёнаи нӯҳуми яке аз биноҳои бисёртабақа зиндагӣ дорад ва якбора қатъ шудани об дар манзилаш кори ӯро мушкил ва нақшаҳояро ба ҳам задааст.

"Мехостам либос шӯям, аммо барои дастшӯӣ ҳам об намеёбем. Рӯзи дувум аст, чи хеле мебинед, аз фурӯшгоҳ об харида меорем", -- нақл кард ӯ.

Диллнозаи Азалшоҳ
Диллнозаи Азалшоҳ

Онҳое, ки имкони харидани обро надоранд, зарфҳо дар даст ба ҷустуҷӯи об дар атрофи манзили зисташон мебароянд ва ба ошёнаҳои баланд об мекашанд. Шикояти сокинони пойтахт аз беобӣ шабакаҳои иҷтимоиро ҳам пур кардааст.

Як нигаронии сокинон ин аст, ки дар соату рӯзҳои беобӣ масъулон дар ноҳияҳо онҳоро ҳадди ақал бо оби ошомиданӣ таъмин накарданд. Амон Аҳмадов, як сокини миёнсоли пойтахт, мегӯяд, беобӣ барои хонаводаҳои серфарзанд дар биноҳои баландошёна хеле мушкилу ногувор аст. Вай гуфт: "Солҳои пеш дар чунин вазъият бо мошинҳо об оварда, ба мардум медоданд. Аммо аз дирӯз то имрӯз касе об наовардааст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Як қисми Душанбе бе об монд. Чаро?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Мардум бо асабоният ва хашму қаҳр бетанаффус ба телефонҳои идораи обу корези Душанбе занг задаву сабаб мепурсанд. Замони ҳузури мо дар корхонаи воҳиди обу корез ҳам телефонҳо беист занг мезад ва кормандони он серташвиш буданд. Меҳриннисо Бӯриева, корманди идораи обу корези Душанбе гуфт, "баъзе аз сокинон хеле асабӣ ҳастанд. Кӯшиш мекунем, вазъиятро ба онҳо фаҳмонем. Сабр мекунем."

Кӯдакон дар Душанбе об мекашонанд
Кӯдакон дар Душанбе об мекашонанд

Посухи масъулони идораи обу корези Душанбе ба ҳама як аст: "Дар яке аз лӯлаи асосии оби шаҳр садама рух дода, боис ба беоб мондани як ноҳияи калон шудааст. Ҳоло 12 гурӯҳи садамавӣ барои бартараф кардани ин мушкил сафарбар шудаанд."

Абдуҷаббор Ҳамидов, як масъули идораи обу коррези шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо то шоми 17-уми декабр мушкили беобиро ҳал мекунанд. "Дар қубуре, ки тақрибан 50 сол истифода шудааст, садама рух дод. Ин мушкил аз соати 9-и рӯзи гузашта сар шуд. Дуруст кардем, боз дубора садама рух дод," -- гуфт Абдуҷаббор Ҳамидов

Абдуҷаббор Ҳамидов
Абдуҷаббор Ҳамидов

Масъулони идораи обу корези Душанбе таъкид мекунанд, ки барои чунин ҳолатҳои садамавӣ онҳо 30 мошини обкашонӣ доранд ва дар ду рӯзи беобӣ, ба қавли онҳо, 21 мошин барои хизматрасонӣ ба мардум сафарбар шудаанд. Вале мардум мегӯянд, дар ду рӯзи ахир ягон мошин барои онҳо об наовардааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG