Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путинро иваз кардаанд? (3 ВИДЕО)


Як адиби рус, ки дар бораи Владимир Путин ду китоб навиштааст, мегӯяд, Путине, ки баъди 10 рӯзи ғайб заданаш дар моҳи март дар мазҳари ом зоҳир шуд, аз Путини қаблӣ хеле фарқ мекунад.

Ба таври мармуз ва барои беш аз 10 рӯз – аз 5 то 16 март - ғайб задани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мояи овозаҳои гуногуне дар борааш шуд. Аммо баъди дубора пайдо шудани ӯ дар мазҳари ом низ овозаҳо фурӯкаш накард, балки мардум ба муқоисаи рафтори президент пардохтанд ва бархе “дарёфт”, ки Путин дигар хел қадам мезанаду ба назари бархе дигар, баъди 16 март табассуми президенти Русия ҳам дигар шудааст...

Драматург ва публитсисти рус Владимир Голишев чанд сол боз Владимир Путинро таҳқиқ мекунад. Ӯ дар соли 2006 ҳамроҳ бо Станислав Белковский китоби "Бизнес Владимира Путина"-ро навишт ва дар соли 2011 – намоишномаи "Пребиотики"-ро, ки як қаҳрамони асосии он ҳам президент аст. Владимир Голишев дар мусоҳиба бо Дмитрий Волчек, хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ба назари вай, Путини баъди 16 март он Путине нест, ки то ғайб заданаш дар 5 март буд. Ӯ мӯътақид аст, ки Путини «нав» сахт мариз аст ва бо қуввати доруҳо мегардад:

Владимир Голишев: Он ҳама поруи иттилоотие, ки дар он рӯзҳо дар майдони иттилоотӣ рехт, шояд тасодуфӣ набуд. Ба назари ман, дар ин пору ҳақиқат ҳам зиёд аст. Яъне он Путине, ки мо рӯзи 16 март дидем, тамоман он Путине, ки мо рӯзи 5 март гум кардем, нест. Ин аллакай Владимир Владимирович Путини навшуда аст.

Дмитрий Волчек: Ин қазовати Шумо аз рӯи қиёфаи зоҳирист ваё ончӣ ки ӯ мегӯяд?

Владимир Голишев
Владимир Голишев

Владимир Голишев: Маҷмӯан. Аммо бештар ман ба ҳиссиёти эҷодиам такя мекунам. Ман ҳоло нафареро мебинам, ки тасмимгир нест. Агар ба Путин нигоҳ кунем ва суол гузорем, ки дар пеши Шумо кӣ нишастааст? Нафаре ки тасмимгир аст ваё дар рӯбарӯи Шумо одамест ки ваколаташ танҳо ташрифотист? Ман ба чунин суол ҷавоб медиҳам, ки ин одам қарор қабул намекунад.

Ман тамоми видеоҳоеро, ки баъди 16 март нашр шуданд, тамошо кардам. Вазъи ҷисмонии Путин мавзӯи дигар аст: Ба назари ман, зоҳиран, ӯ дучори маризии сангин бо паёмадҳои хеле сахте шудааст. Табибон ӯро аз ин дард берун кашиданд ва ӯ ҳоло рӯи стимуляторҳо ва доруҳои беҳискунанда (обезболивающие) шиштаасту вазъи дар зоҳир то ҳадде гӯё мӯътадил дорад. Албатта, агар чизҳои барои ӯ ғайримаъмулие, чун нигоҳи пур аз шодӣ, табассумҳои аҷиб ва овози хирриашро истисно кунем. Дидан мумкин аст, ки ӯ тамоман он нафаре нест, ки мо одат кардаем. Аммо чизи аз ҳама асосӣ ин аст, ки ин одамест, ки рӯҳи қудрат дар ӯ нест, ӯ он харизмаеро, ки ҳангоми тасмимгир буданаш дошт, дигар надорад.

Дмитрий Волчек: Аммо Путин дар минбари гирдиҳамоӣ (бахшида ба солгарди тасарруфи Қрим) зоҳир шуд ва вақти хондани гимн, ба дигарон пайваст ва ба нафаре, ки дар бистари марг бошад, комилан монанд набуд.

Владимир Голишев: Бале, рост ва ман бо ин баҳс ҳам намекунам. Ман инро комёбии бузурги дорусозон мешуморам.

Мулоқоти Путин бо Отамбоев аз 16 мартро инҷо бубинед:

Мулоқоти Путин бо Отамбоев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дмитрий Волчек: Пас дар ин сурат тасмимгир кист?

Владимир Голишев: Ба назари ман, ин 10 рӯзе, ки мо ӯро надидем, барои таъсиси як ниҳоди муштараки идораи давлат ва бастани як навъ паймон бо ин ниҳод сарф шудааст. Ин созишнома шояд ба ин маъност, ки Путин дар мақом мемонад, бархе ваколатҳои намояндагиашро иҷро мекунад, мо ӯро аз экрани телевизионҳо мебинем, вале ин ҳама дар чорчӯби тағйири хатти машши сиёсати вай ва рафтанаш аз қудрат. Ин равандро як каме тӯл медиҳанд ва ба хотири вуҷуди минбаъдаи Русия ҳаддалимкон нармтар мегардонанд. Агар мо Путинро якбора гум мекардем, варианти хубе набуд, на барои Русия ва на барои он сарватмандоне, ки мо онҳоро аз рӯйхати маҷаллаи «Форбс» мешиносем. Аммо Путине, ки бархе ваколатҳои намояндагиашро иҷро мекунад ва корҳои лозим барои онҳоеро, ки баъди ӯ хоҳанд монд, анҷом медиҳад, варианти аз ҳама муносиб буд. Ва зоҳиран, мо ҳамин чизро мебинем.

Намунаи аз ҳама барҷастаи ин, албатта, филм дар бораи Қрим буд. Ин филм дуруст замоне намоиш дода шуд, ки мо Путинро гум карда будем. Ин филм усулан эътирофи гуноҳ барои додгоҳи ояндаи Гаага аст, чунки дар он президенти Русия Владимир Путин, аввалан, масъулияти тамоми қарорҳои қабулшуда дар робита ба Қримро ба дӯши худ мегирад. Сониян, ӯ аз худ чунон як тимсоли бадӣ метарошад, ки ягон мунтақидаш натарошида буд. Ӯ қисса мекунад, ки барои сар додани домани як фоҷиаи ҳастаӣ дар шарқи Аврупо омода буд. Яъне чизҳоеро мегӯяд, ки хеле ба зиёни худи ӯст ва гумон аст, ки ӯ ин ҳамаро бо иродаи шахсиаш гуфта бошад… Шояд дар миёни сӯҳбат ҳамин ҳарфҳо аз забонаш берун ҷаста бошанд. Вале ин ҷумлаҳоро аз байни сӯҳбатҳои зиёди ӯ чунон монтаж кардаанд, ки ӯ ҳама чизро ба дӯши худ бигирад.

Дмитрий Волчек: Дар рӯзҳое ки Путин ғайб зад, сомонаҳои Украина навиштанд, ки лаҳни телевизионҳои Русия шадидан тағйир ёфта, мулоимтар шудааст ва вожаҳои «хунта», «Новороссия» кор бурда намешаванд. Оё ягон ишорае ба тағйири сиёсат ҳаст инҷо?

Владимир Голишев: Ман ҳам мехостам таваҷҷӯҳро ба ин ҷалб кунам. Ин хеле мантиқӣ ҳам ҳаст. 10 рӯз мо Путинро надидем ва Русия дубора ба як кишвари сазовор табдил ёфт. Ин ба маъноест, ки манбаи бадӣ – ин Путин аст. Мутаносибан, масъулияти ин ҳама низ бар дӯши ӯст. Вақте Русия аз ин ҳокими ба таври даҳшатнок ҷаббор халос шуд, ба таври автоматӣ аз он ҳама зиштӣ ва аз он ҳама хубу баде, ки Путин ба сари Русия овард, халос мешавад…

Назари муҳаққиқи амрикоӣ Леон Арон дар бораи Путин инҷост:

Владимир Путин - ҳамчун Борис Годунови даврони мо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Лаънати нархи нафт

Дмитрий Волчек: Путин 15 сол пеш ба президентии Русия омад. Путини имрӯза бо Путини соли 2000 монандие дорад ваё ин ду сиёсатмадори комилан мухталифанд?

Владимир Голишев: Ба назари ман, инсонҳо не, балки вазъиятҳо дигар мешаванд. Асли инсон ҳамеша ҳамоне, ки буд, мемонад. Вақте Путин дар соли 2000 президент шуд, вазъият аз имрӯз комилан фарқ мекард. Албатта, вазъияте ки имрӯз дорем, аз ҷумла бо айби ӯ ваё ҳатто метавон гуфт, танҳо бо айби ӯ, чунин шуд. Вале вақте ки ӯ бори якум ба президентӣ расид, одаме буд комилан ғайримустақил, аз атрофиёни барояш аз (раисиҷумҳури қаблӣ Борис) Елтсин меросмонда ва аз хатти машши сиёсии онвақта хеле вобаста. Ӯ мехост ҳамчун ислоҳталаб ном барорад. Ӯ мехост бо Ғарб равобити хеле гарми дӯстона барқарор кунад. Равобити хеле монанд ба оне ки ҳоло Украина бо Ғарб дуруст карда истодааст. Дар бораи эҳтимоли вуруди Русия ба Иттиҳодияи Аврупо ва ҳатто ба НАТО сӯҳбат зиёд мерафт. Баъди ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 Русия барои анҷоми амалиёти интиқом дар Афғонистон ба Амрико тамоми кӯмаки фанниро расонд. Русия ҳарими ҳавоияшро дод, эътирозе ба зуҳури пойгоҳҳои низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ накард. Ман он Путини ғарбгаро ва он Путини ислоҳталабро, ки мехост дар чашми дӯстону шарикони ғарбиаш обрӯи хубе дошта бошад ва талош мекард бо ҳар раҳбари Ғарб – бо Буш, бо Ширак, бо Берлускони, бо Шрёдер - тамоси шахсӣ барқарор кунад, хуб дар ёд дорам. Фикр мекунам, тағйир тақрибан дар поёни соли 2004 ба вуҷуд омад. Чунки умедҳои ӯ бароварда нашуд, Ғарб ӯву олигархҳои дигари Русияро ба ҳайати элитаи ҷаҳонӣ напазируфт, онҳо дар сатҳи кишварҳои ҷаҳони сеюм ва элитаҳои ҷаҳони сеюм, ки мебоист дар деги худ биҷӯшанд, боқӣ монданд ва ба бозиҳои ҷиддии ҷаҳони Ғарб роҳ наёфтанд.

Дар ҳамин вақт як гардиш ба амал омад, пеш аз ҳама, то ки нишон диҳанд, ки Русия пурқувват аст ва бояд бо ин ё он роҳе рӯяш ҳисоб кунанд. Баъди ин дар арсаи байналмилалӣ фаъол шуданд ва хокпошӣ ба чашмҳо бо рейтингҳои харидашуда Путинро ба сиёсатмадори рақами яки дунё табдил дод. Олимпиадаи Сочи ва Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2018, ки шояд акнун барпо нашавад. Даромадҳои азиме, ки кишвар аз ҳисоби нархи осмонии нафт ба даст меовард, ба ҳамин сарф мешуд, ки агар шумо моро як бахши худ намешуморед, пас бояд як маркази алтернавтивие бидонед, ки маҷбур мешавад бо мо пушти як миз нишаста, сарнавишти дунёро ҳал кунед. Путин дар ин роҳ то ҷое ба чизҳое ноил ҳам шуд. Нуқтаи авҷи ин ҳама Олимпиадаи Сочи шуду кашида гирифтани Қрим, албатта, ва харобазори Украинае, ки тавре ба назар мерасид, агар даст дарозаш мекардем, ёри содиқи Русия мешавад. Доси Путин замоне ба санг бархӯрд, ки Украина ҷиддан муқовимат нишон дод... Аммо худи Путин ин ҳама муддат ҳамон як одам буд. Фақат вазъият тағйир ёфт. Нақши сарнавиштсӯзро барои Русия, ба назари ман, фоидаҳои беш аз ҳадд аз нархи баланди нафт бозӣ кард. Агар ин даромадҳо хоксоронатар боқӣ мемонданд, кишвари мо ба ҳеҷ сурат ин қадар сахт тағйир намеёфт.

Дмитрий Волчек: Яъне пул буд, ки ақл аз даст рафт?

Владимир Голишев: Ин пули зиёд як шеваи мушаххаси рафторро таҳмил кард. Сиёсати Путин ин сиёсати Русияест, ки борони пули зиёди аз ҳаво ба сараш рехта масташ кард. Русияе, ки дар ин борони пул дигар ба чизе ниёз надошт. Ягон комёбии воқеӣ дар кишвар ҳам даркор набуд, кофӣ буд, ки ҳама рейтингҳоро бихаранд, ягон Олимпиадаро бихаранд, нафақаҳоро чанд тин боло баранд ва ин ҳамаро шукуфоии бузург ба қалам диҳанд. Ман ба ин ақидаам, ки нархи баланди нафт як навъ лаънате барои Русия шуд. Ман ҳатто Путинро раисиҷумҳури бад ё як тимсоли бадӣ барои Русия намешуморам. Ӯ дар асл як мансабдори хеле оддиву соддаест, ки дар як курсии мушаххас шинонданд ва ӯ дар ин курсӣ комилан қобили пешбинӣ кор мекард. Хусусияти аслии вай – ин тарсончакӣ ва ҳароси аз даст додани тарафдории ҳамагонист – ҳам атрофиён, ҳам мардум ва бақия. Ӯ дар асл ҳамон як одами беҷуръат аст, ки ин ҳама вақт кӯшиш мекард ва мекунад, ки ба ҳама хидмат кунад. Вақте кас иродаи худашро надорад, дидгоҳи рӯшане дар бораи оянда надорад, билохира дар бунбаст хоҳад афтод ва сараш ба девор хоҳад зад. Ба сари Путин низ ҳамин ҳол пеш омадааст.

Путин - 15 сол дар қудрат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Раисиҷумҳури 63-солаи Русия Владимир Путин, ки аз соли 2000 бо 4 сол фосила инак 15 сол боз раҳбарии ин бузургтарин кишвари пасошӯравиро бар дӯш дорад, аз 5 то 16 марти соли равон ба таври мармуз аз мазҳари ом ғайб зад. Ин боиси сарусадоҳои зиёде дар бораи куҷо шудани ӯву эҳтимоли ба бемории сахт печидан ва ҳатто аз дунё гузаштани Путин шуд. Бархе дар он рӯзҳо аз эҳтимоли барканории Путин дар натиҷаи табадуллоти низомӣ дар Кремл ҳадс мезаданду бархеи дигар – аз таваллуди фарзанди нави президенти Русия гӯё аз гимнасткаи дар гузашта маъруф Алина Кабаева.

Владимир Путин баъди беш аз 10 рӯзи ин сарусадоҳо бори аввал рӯзи 16 март дар Санкт-Петербург баъди мулдоқот бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев дар пеши хабарнигорон шахсан зоҳир шуд. Вале аз чӣ бошад, масъулияти рад кардани овозаҳо дар бораи саломатиашро ба Отамбоев вогузошт. Худи Путин дар мавриди шоеъоти бархоста дар атрофи ғайб заданаш ба таври кӯтоҳ танҳо гуфт, «бидуни овозаҳо зиндагӣ зиқ мегузарад.»

XS
SM
MD
LG