Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: Кор ҳаст, музд ҳам бештар мешавад. Корҷӯён: Маош кофӣ нест

Job search in Tajikistan
Job search in Tajikistan

Мақомоти Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар соли 2025-ум 280 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис додаанд. Вале баҳс атрофи ин мавзуъ ва посухи масъулони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи севуми феврал нишон дод, ки аз ин омор танҳо 74 ҳазораш ҷойҳои холии кори доимӣ будааст.

“Зиёда аз 60 дарсади ҷойҳои кории барҳамхӯрда ин ҷойҳои кори муваққатӣ ва мавсимӣ ҳастанд. Бо поён ёфтани муҳлати шартнома қатъ карда мешаванд. Ҷойҳои кори мавсимӣ пас аз ба анҷом расидани мавсим барҳам мехӯранд,” – гуфт Абдураҳмон Ашӯрализода, муовини вазири кору муҳоҷират рӯзи 3-юми феврал.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, соли гузашта бештар аз 120 ҳазор нафарро ҳамчун корҷӯ сабт ва зиёда аз 72 ҳазор нафарро ба ҷои кор таъмин кардаанд. Хабарнигорон аз вазири меҳнат пурсиданд, ки ҳар сол садҳо ярмарка ё муаррифии ҷойҳои кори холӣ пешниҳод мешавад, вале чаро мушкили бекорӣ дар кишвар ҳалли худро намеёбад?

Посухи вазир Солеҳа Холмаҳмадзода чунин буд: “Соли равон 929 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронда шуд. Зиёда аз даҳ ҳазор корхона иштирок карданд. 11 ҳазор бо ҷойи кори доимӣ, баъдан 7 ҳазор зиёд ба касбомӯзӣ ва шуғлҳои дигар фаро гирифта шуданд. Ҳар сол музд зиёд мегардад, ягон мушкилот нест.”

Ин афрод дар Душанбе дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд
Ин афрод дар Душанбе дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд

“Дар мардикорбозор гузаронанд”

Баъзе аз коршиносон борҳо аз маоши поини корҳои пешниҳодӣ суҳбат карда, таъкид намудаанд, ки чунин омил боис мешавад, корҷӯён муҳоҷирати меҳнатиро дар Русия ва кишварҳои дигар беҳтар шуморанд.

Раҳмон Улмасов, коршиноси бахши муҳоҷират, бехабарии корҷӯёнро аз ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор яке аз камбудҳо донист: “Аз рӯи нақша ярмарка ташкил мекунанд. Ин кори хуб аст. Вале хубтар мешуд дар ҷойҳое гузаронанд, ки мардикорон ҳастанд. Мутаассифона, бисёре аз мардум аз чунин ярмаркаҳо хабар надоранд”.

Мақомот ахиран дар баъзе аз гӯшаҳои Душанбе, ки ба мардикорбозорҳо наздиканд, ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ташкил намудаанд. Ҷанде аз мардикорон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз маоши нокофии корҳои пешниҳодӣ дар ярмаркаҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Ба иттилои расмӣ, музди миёнаи кормандон дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли гузашта 2 ҳазору 727 сомонӣ, камтар аз 300 доллари амрикоӣ будааст. Мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки тайи се даҳсолаи охир мақомот натавонистаанд онро ҳал кунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Воқеан дар Тоҷикистон ҷойи кор зиёд шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
XS
SM
MD
LG