Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Русия. Володин таъриф, Гадоев танқид кард

Санҷиши ҳуҷҷати муҳоҷирон. Новосибирск, Русия, соли 2025
Санҷиши ҳуҷҷати муҳоҷирон. Новосибирск, Русия, соли 2025

Раиси Думаи давлатии Русия таъриф кардааст, ки дар ним соли гузашта аз ин кишвар ҳудуди 44 ҳазор муҳоҷирро берун кардаанд.

Вячеслав Володин охири моҳи июл дар саҳифааш дар "Телеграм" аз амалкарди нерӯҳои милисаи кишвараш сутудааст, ки назар ба шашмоҳаи аввали соли 2025-ум 65.5 дар сад бештар аз муҳоҷирони кориро барои ягон қонуншиканӣ ё баҳонае аз Русия ронданд.

Думаи давлатӣ дар моҳи июл тарҳи нави Кодекси маъмурии Русияро тасвиб кард, ки иҷоза медиҳад, муҳоҷирон ё ҳар хориҷии дигар бо баҳонаҳои ночиз аз Русия берун карда шаванд.

Дар ин кодекс то моҳи июли имсол 22 модда барои ихроҷ вуҷуд дошт. Аз ҷумла, барои иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ё ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи Русия.

Вячеслав Володин
Вячеслав Володин

Дар кодекси нав акнун 45 моддае ҳаст, ки дасти мақомоти интизомиро барои ихроҷ бозтар мекунад. Аз ҷумла, барои паст задани шаъну эътибори инсон дар Интернет, ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ ва бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия.

Ба қавли Вячеслав Володин, аз соли 2024 ё тақрибан ду соли гузашта барои такмили қонунгузории муҳоҷират ба Русия 32 санад қабул кардаанд ва ташаббускори бисёре аз онҳо худи вакилони Думаи давлатӣ будаанд.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, қабули қонунҳои сахтгирона, боздошту ҳабс ва гоҳе аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани баъзе аз тоҷиконро дар Русия маҳкум кард.

Ӯ 3-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳамаи кишварҳои авторитарӣ ва диктаторӣ яке аз василаҳои идора кардани мардум ба вуҷуд овардани фазои тарс аст. Ин рафтори мақомоти Русия низ як абзори ба вуҷуд овардани фазои тарс аст ва ҳам ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанг дар Украина."

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Гадоев афзуд, "бисёр мушоҳида мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳар васила ба ҷанг мебаранд. Касеро дар ивази пул. Дигареро бо иттиҳоми гуё қочоқи маводи мухаддир ё терроризм. Аммо ҳадафи асосии онҳо ба ҷанг фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон набояд барои ҳадафҳои як нафар - Владимир Путин, расиҷумҳури Русия - қурбон шаванд."

Русия мизбони миллионҳо муҳоҷири корӣ, аз ҷумла як миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷикистонист.

Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, дар бисёре аз ҷаласаҳои Думаи давлатӣ вакилон масъалаи муҳоҷиратро пайваста дар миён гузошта, дар сархати хабарҳои Русия қарор мегиранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳар замон ки мушкилоти дохилии Русия зиёд шуда, нархҳо мардумро ба танг меоранд, вакилону мақомот барқасдона масъалаи муҳоҷиратро доғ мекунанд, то афкори мардуми норозиро ба дигар самт баранд.

Талошҳои ахир ҳам барои ба самти дигар кашидани афкори умум аз ҷанги вайронгар дар Украина аст, ки норозигии мардуми худи Русия аз он беш аз пеш зиёд мешавад.

Видео дар инҷост:

Боз як зодаи Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG