Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мубориза ба зидди Толибон бас нашудааст." Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба таҳаввулоти Панҷшер. ВИДЕО


Гуруҳи Толибон иддао дорад, ки вилояти Панҷшерро ишғол кардааст, вале Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нодуруст мехонад

Ҷомеаи Тоҷикистон чанд рӯз боз таҳаввулот дар Панҷшери Афғонистонро бодиққат пайгирӣ дорад. Хабарҳои охир дар бораи пешравии гуруҳи Толибон дар ин вилояти Афғонистон вокунишҳои зиёдро миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Коршиносон ба ин назаранд, ки муқовимат алайҳи Толибон ба зудӣ хомӯш намешавад, ҳарчанд ин гуруҳ гуфт, бо ишғоли Панҷшер ба ҷанг дар Афғонистон поён дод.

Ҷуғрофияи Панҷшер

Илҳом Назриев, рӯзноманигори тоҷик, солҳо дар Афғонистон кор кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳатто агар бинои ҳукумати Панҷшер ба дасти Толибон уфтодааст, “ин маънои тасарруфи пурраи водиро надорад”.

Илҳом Назриев
Илҳом Назриев

“Водии Панҷшер зиёда аз 20 дараи дигар дорад. Ҷуғрофияи Панҷшер ҳамин хел аст, ки метавонед ба қувваҳои чандин баробар аз Шумо зиёд муқовимат кунед”, -- нақл кард ӯ рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ.

Сухангӯйи гуруҳи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, субҳи 6-уми сентябр гуфт, ки Панҷшер зери назорати комили онҳо аст. Вай иддао кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурӣ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба Тоҷикистон фирор кардааст, аммо ин хабар то ҳол аз манобеи дувум тасдиқ нашудааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддаои ишғол шудани Панҷшерро аз тарафи Толибон намепазирад. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳа, рӯзи 6-уми сентябр дар паёме гуфт, ки ба мубориза идома медиҳанд ва мардумро ба “қиёми умумӣ” даъват кард.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, таъкид мекунад, ки ҳатто агар Панҷшер шикаст хӯрад, “муқовимат дар Афғонистон қатъ нахоҳад шуд. Натанҳо дар ин вилоят, балки дар минтақаҳои дигар низ дар оянда шоҳиди хезишҳои мардум алайҳи зулми Толибон хоҳем буд.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ишғоли Панҷшер поёни қазияи Афғонистон нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Дар ҳамлаҳо кӣ даст дорад?

Баҳси Панҷшер бахусус пас аз он доғ шуд, ки расонаҳои ҳиндӣ рӯзи 6-уми сентябр гузориш доданд, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла кардаанд.

Ҳукумати Покистон то ба ҳол дар робита ба ин хабарҳо посух надодааст, аммо чанд рӯз боз генерал Файз Ҳамид, раиси Созмони истихбороти Покистон ё ISI дар Кобул ба сар мебарад.

Чанде аз фаъолон дар Тоҷикистон низ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумат хостаанд, агар ин хабарҳо дуруст аст, дар посух намояндагии расмии Покистонро дар Душанбе бибандад.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Аҳмадшоҳ Комилзода, фаъоли Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми сентябр гуфт: “Паҳподҳо ё ҳавопаймҳои бесарнишини Покистон бисёр ҷиддӣ Панҷшерро бомбборон карданд ва вазъиятро хеле вазнин карданд. Покистон мехоҳад, Панҷшерро тобеи Толибон гардонад.”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори парвози бесарнишинҳо дар фазои кӯҳсор пахш шуд, ки ба гуфтаи муаллифони навор дар дараи Панҷшер сабт шудаанд. Мустақилона тасдиқ кардани наворҳо феълан ғайриимкон аст.

Хомӯшии мақомоти Тоҷикистон аз чист?

Бо ин ҳол, ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар бораи таҳаввулоти Панҷшер ва ё эҳтимоли даст доштани нерӯҳои хориҷӣ дар ин ҳодисаҳо изҳори назар накардаанд. Тақрибан ду ҳафта пеш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Покистон гуфта буд, ки дар ҳукумати ояндаи Афғонистон бояд тоҷикон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Коршиносон мегӯянд, дар шароити ҳозира аз ҳукумати Тоҷикистон наметавон интизории бисёр зиёд дошт. Ба қавли Қосими Бекмуҳаммад, “шароити геополитикии минтақа ва махсусан Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, ки мо дар робита ба Афғонистон фаъолиятҳои нисбатан мустақимтаре дошта бошем.”

Илҳом Назриев, рӯзноманигори тоҷик, бар ин назар аст, ки “Тоҷикистон ба қазияи Афғонистон дахолат накунад”.

Ҳардуи ин коршиносон таъкид мекунанд, ки роҳи муносиб барои Душанбе машварат бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа ва аз ин роҳ ҳифзи ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон аст.

Чизе, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, рӯзи 5-уми сентябр "бо назардошти муроҷиати уламо" хостораш шуд, вале гуруҳи тундрави Толибон напазируфт. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гуруҳ, дар нишасти хабарии рӯзи душанбе иддао кард, ки “талош кардем, аммо нашуд. Агар касе низомро таҳдид мекунад, барои мардум мушкил эҷод мекунад, дар онҷо амалиёти низомӣ мешавад.”

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG