Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маршировка" дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз коронавирус қатъ шуд


"Маршировка"-и донишҷӯён дар Кӯлоб. Соли 2019
"Маршировка"-и донишҷӯён дар Кӯлоб. Соли 2019

Мақомоти Тоҷикистон тамрини роҳпаймоӣ ё "маршировка"-и донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола қатъ кардаанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфт, ин кор бо ҳадафи "худдорӣ аз харҷи маблағҳо" ва "пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19)" гирифта шуд.

"Ба раҳбарони мактабҳо дастур дода шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар алоҳидагӣ ва дар доираи муассисаи таълимӣ... баргузор кунанд", - гуфта шудааст дар баёнияи дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Ин дар ҳолест, ки Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус мавзӯи манъи таҷлили Наврӯзи имсоларо баррасӣ дорад.

Ӯ афзуд: "Тасмими ниҳоӣ дар ин бора то бегоҳи чаҳоршанбе муайян мешавад. Натиҷаашро эълон мекунем".

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ гуфтанд, ҷашни байналмилалии Наврӯз мисли солҳои гузашта бо ҳузури зиёди мардум ҷашн гирифта нахоҳад шуд.

Қарор буд, ҷашни асосии Наврӯзи имсола рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон" дар Хуҷанд ва бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар баргузор шавад.

Аз ин пеш дар се масҷиди шаҳри шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми март ба намозгузорон эълон кардаанд, ки муваққатан аз намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ кунанд. Чунин машварат ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳн шудани коронавирус карда шудааст.

Шоми сешанбе намозгузорон аз се масҷиди пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин эълонро аз забони домуллоҳо шунидаанд. Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, ба намозгузорон эълон карданд, ки муваққатан аз омадан ба масҷид ва хондани намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ намоянд. Ӯ иброз дошт, "ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз хатари сирояти коронавирус буда, ба нафъи сокинон аст".

Пешнамози Масҷиди ҷомеи Шоҳмансур, воқеъ дар назди бемористони “Ёрии таъҷилӣ”, рӯзи 3-юми март қабл аз намозҳои шом ва хуфтан эълон кард, ки бинобар хатари паҳншавии коронавирус, намозҳо ба таври дастҷамъӣ ё боҷамоат гузорида намешаванд. “Қавмҳои азиз, моро дуруст фаҳмед, супориш аст”, - афзуд вай. Аммо вай нагуфт, ки аз кадом ниҳод чунин супориш дарёфт карданд.

Коронавирус декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он замон то кунун босуръат дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон беш аз 3000 нафар ҷон бохта, беш аз 90 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Дар Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот ҳеҷ ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, тадбирҳои санҷиш ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирус рӯи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, беш аз як ҳазор нафар, асосан онҳое, ки аз Чину дигар кишварҳо сафар кардаанд, аз 14 рӯзи карантин гузашта, баъдан ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG